Мирҳусайн Назриев, роҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шикоят дорад, ки мақомот ду писарашро ба ҳабс гирифта, танҳо баъди розӣ шудан ба шартҳои онҳо раҳо карданд. Баҳси мақомот ва Назриев бар сари нархи манзили ин сиёсатмадор аст, ки бояд тахриб ва дар ҷояш роҳ сохта шавад. Мақомот аз аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.
Мирҳусайн Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, 11-уми июл вақте намояндагони идораи сохтмони роҳу пулҳои Душанбе барои тахриби манзили ӯ меоянд, писаронаш қарори додгоҳ талаб мекунанд.
“Вақте хонаро чаппа мекунанд, бачаҳои маро барои он ки гуфтаанд қарори додгоҳро пешниҳод кунед, бурда маҳкам карданд. Ба Шумо кӣ ҳуқуқ додааст, ки бачаҳои маро бурда маҳкам кунед? Чор соат ҳаминҷо истода, ҳамроҳашон баҳс кардем. Гуфтанд то вақте Шумо ба маблағи пешниҳодкардаи розӣ шуда, дар санад имзо накунед, бачаҳои шуморо сар намедиҳем. Дар ин тараф занак доду фиғон бардошт, ки бачаҳоямро ёб, ман гуфтам бачаҳоро касе ҳуқуқи дастгир кардан надоранд. Хулоса ба хотири он ки ҳамин бачаҳоро сар диҳанд, маҷбур шудам, ки имзо кунам,”-таъкид намуд Мирҳусайн Назриев.
Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе шикояти Мирҳусайн Назриевро дар мавриди тахриби манзилаш беасос хонданд, вале аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Намояндагони идораи сохтмони роҳу пулҳо, як ниҳоди зертобеи шаҳрдори Душанбе ба тахриби манзили Мирҳусайн Назриев шурӯъ кардааанд. Манзили ӯ дар кӯчаи Бухорои пойтахт ҷойгир буда, дар ҷои он бояд роҳи мошингард сохта шавад. Мирҳусайн Назриев мегӯяд, барои ҳавлии ӯ, ки масоҳаташ 450 метри квадратӣ аст, мақомот як миллиону сесад ҳазор сомонӣ пешниҳод карданд. Аммо Назриев барои манзилаш 2,5 миллион сомонӣ талаб кардааст. Ҳарчанд баъди ҳабси писаронаш, ҳамсуҳбати мо ба шартҳои мақомот розӣ шудааст.
“Ман гуфтам, дар ҳамин ҳавлии ман 5 оила зиндагӣ мекунанд. Он маблағе, ки ба ман пешниҳод мекунед, ба ин маблағ хона гирифта наметавонам,”-афзуд Мирҳусайн Назриев.
Мисли Назриев бархе аз сокинони дигар дар кӯчаи Бухорои Душанбе аз паст ҳисоб шудани нархи манзилашон нигаронӣ карданд.
Сироҷиддин Сатторов, сокини дигари ин маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо маблағе, ки ба мо доданд, маҷбурем берун аз шаҳр ягон хона гирем. Зеро бо ин маблағ дар дохили шаҳр хона харида намешавад. Ҳар метри мураббаъ манзили моро 650 долларӣ ҳисоб карданд, лекин як бор бубинед нархи хона инҷо хеле баланд аст».
Талошҳои батакрори мо барои фаҳмидани назари тарафи дигар, бенатиҷа монд. Яке аз кормандони ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ кутоҳ посух дод, ки шикояти сокинон асос надорад, зеро манзилҳои онҳо бо арзиши миёна нархгузорӣ шудааст. Вале аз пешниҳоди далелҳои мушаххас худдорӣ кард.
Ба назари ҳуқуқшинос Далер Қурбонов, тахриби манзили сокинон бидуни қарори додгоҳ мумкин нест: “Бе қарори додгоҳ, ки ба қувваи қонунӣ надаромадааст, ягон кас наметавонад манзили сокинонро чаппа кунад. Ҳар касе, ки инро мекунад, худсарӣ аст,”-гуфт ин ҳуқуқшинос.
Баҳси тахриби манзили сокинони Душанбе солҳост идома дорад. Дар чунин баҳсҳои гоҳе печида ҳам сокинон ва ҳам ширкатҳои сохтмонӣ худро ҳақ мешуморанд. Як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2022 пешниҳод карда буд, ки барои ҳалли ин мушкил дар кишвар ниҳоди мустақили нархгузории манзил таъсис ёбад.