Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҷонамон сер шудем..." Чаро хонаҳои мардумро дар Суғдиён чаппа карданд? АКС


Хонаҳои вайрона. Маҳаллаи Суғдиён
Хонаҳои вайрона. Маҳаллаи Суғдиён

Тахриби хонаҳо дар чанд маҳаллаи ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб, канори шаҳри Душанбе, мардумро норозӣ кардааст. Онҳо мегӯянд, солҳо пеш бо қарори ҳукумат барои худу оилаашон сарпаноҳ сохтанд, вале дигарбора беҷой монданд. Масъулон пофишорӣ доранд, ки бунёди манзил дар ин маҳаллаҳо дуруст нест, чун барои чарогоҳ пешбинӣ шудааст.

"Мегӯянд, чарогоҳ аст"

Фотима Акбарова, сокини маҳаллаи Суғдиёни Варзоб, ки бо номи Девдара маъруф аст, ҳафт сол пеш хона сохтааст. Вай дар охири моҳи майи имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла масъулони ҷамоати Айнии Варзоб, онҳоро мутмаин карда буданд, ки макони зисташон барои бунёди манзил пешбинӣ шудааст.

"Имрӯз мегӯянд, инҷо чарогоҳ аст. Меҳнати одамро қадр намекунанд. Бубинед, хонаро аз ду тараф зада, чаппа кардаанд. Чаро дар вақташ нагуфтанд? Аз бонк қарз гирифтему хона сохтем, касе ба додамон намерасад. Ба ҷонамон сер шудем... Чаро гапи президентро намегиранд?" – мепурсад ӯ.

Сокинон мегӯянд, маъмурони ҷамоат ҳамроҳи мақомоти интизомӣ, аз ҷумла додситонӣ, манзилҳоро вайрон кардаанд. Онҳо шумораи хонаҳои вайроншударо бештар аз 20 гуфтанд.

Хабарнигорон дар чанд гӯшаи маҳалла зиёда аз 15 манзилро шумурданд, ки пурра хароб карда шудаанд. Баъзе манзилҳоро қисман вайрон кардаанд.

Ин хонаро қисман хароб кардаанд
Ин хонаро қисман хароб кардаанд

"Хоҷагӣ заминашро суроғ кард"

Ҳамзамон сокинон аз он норозиянд, ки манзилҳо, ба қавли онҳо, "интихобӣ ва ҳарҷо-ҳарҷо" чаппа карда шудаанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд, ки чаро манзили як нафарро мекӯчонанду дигареро мемонанд.

"Вақте ба ҳукумат рафта, гуфтем, санад доданд. Имрӯз мегӯянд, дар чарогоҳ хона сохтед. Инҷо касе гову мол надорад, аз куҷо донем, ки чарогоҳ будааст?" – гуфт Гулдаста Шарипова, яке аз сокинони дигари маҳалла.

Соҳибони манзил иддао доранд, ки сертификату қарорҳои сохтмони хонаҳоро дар даст доранд ва онҳо қонунӣ ҳастанд. Масъулони ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб бовар доранд, на ҳама санадҳо дурустанд.

Шамсулло Нозимов, муовини раиси ҷамоат, рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сокинон дар маконе хона сохтаанд, ки ба соҳиби як хоҷагӣ тааллуқ дорад. "Онҷо ба хоҷагии кооперативӣ-тиҷоратии ба номи Карим Шарипов дохил мешавад. Замини чарогоҳ аст. Хонаҳои ғайриқонунӣ бар асоси амри Прокуратураи генералӣ аз байн бурда мешаванд. Нисбати 44 хона чунин амр баромадааст," – шарҳ дод ӯ.

Нозимов дар посух ба ин суол, ки чаро сокинонро аз аввал огоҳ накарданд, гуфт, "хоҷагӣ заминашро суроғ накарда буд. Агар саривақт суроғ мекард, кор ба ин ҷо намерасид."

Ҷабрдида кист?

Дар баробари маҳаллаи Суғдиёни ҷамоати Айнии Варзоб, дар маҳаллаҳои Дашти Хорзор, Қулписта, Бакавули Нави ин ҷамоат низ баъзе хонаҳоро чаппа кардаанд. Ба баъзеи дигар ҳушдор додаанд, ки манзилашон ба далели ғайриқонунӣ будан вайрон карда хоҳад шуд.

Мавзӯи бунёди хона ва тахриби онҳо, солҳо боз дар Тоҷикистон доғ мемонад. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, назоратро сахттар кардаанд, коршиносон бовар доранд, фасоду набудани шаффофият аз омилҳоянд, ки боиси тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ва баҳс миёни сокинону мақомот шудааст.

Хонаҳои вайрона. Маҳаллаи Суғдиён
Хонаҳои вайрона. Маҳаллаи Суғдиён

Додситонии кулли Тоҷикистон пештар хабар дода буд, ки дар соли 2020 барои фурӯши замин ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои сохта нисбат ба 296 мансабдор парванда кушоданд. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, моҳи феврали соли гузашта дар нишасти матбуотӣ мавридҳои фурӯши заминро тасдиқ кард ва онро "ҳақиқати талх" номид.

Сокинон мегӯянд, дар ин миён онҳо ҷабрдидаанд, ҳам пул харҷ мекунанду ҳам бе хонаву дар мемонанд.

XS
SM
MD
LG