Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ориёно Сохтмон" даҳҳо оиларо дар Душанбе нигарон кард. ВИДЕО


Сокинон мегӯянд, барои додхоҳӣ ба Додситонӣ ва идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат карда, вале посухи мусбат нагирифтаанд
Сокинон мегӯянд, барои додхоҳӣ ба Додситонӣ ва идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат карда, вале посухи мусбат нагирифтаанд

Нақшаи вайрон кардани як бинои чаҳорошёна дар Душанбе баҳс барангехт.

Дар ин бинои бозмонда аз Шӯравӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт тақрибан шаст оила зиндагӣ мекунанд.

Моликони ширкати "Ориёно Сохтмон" ҳанӯз моҳи ноябри соли 2022 гуфтаанд, ки сокинон ҳуҷраҳоро холӣ кунанду ба хонаи иҷора кӯчанд ва ё дар ивази ҳар метри мураббаъ 600-долларӣ гиранду ба худ манзили нав харанд.

Сокинон мегӯянд, ҳарду пешниҳод қобили қабул нест, вале дар ин муддат ду тараф ба натиҷае нарасиданд.

"Шикоят кардем, парванда накушоданд"

Наталя Шёголова ҳафтод сол дар инҷо зистааст ва мегӯяд, "бо ин маблағ наметавон ҳатто дар маҳаллаҳои дурдасти Душанбе манзил харид."

"Масъулони ширкат арзиши воқеии хонаҳои моро ба назар нагирифтанд. Мехоҳем, ширкати сохтмониро барои тахриби бинои истиқоматӣ иваз кунанд," -- мегӯяд Азим Маҷидов, сокини дигари бино.

Снежана Голубева
Снежана Голубева

Снежана Голубева рӯзи 11-уми апрел ба мо огоҳиномаеро нишон дод, ки ба ӯ ва ҳамсояҳояш даҳ рӯз фурсат додаанд, то хонаҳоро бисупоранд.

"Кормандони ширкат зуд атрофи бинои моро маҳкам карданд. Ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе шикоят бурдем, вале парванда накушоданд. Ҳоло ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят кардем, умед дорем, аз мо ҷонибдорӣ мекунад," – илова кард ӯ.

Молики "Ориёно Сохтмон" кист?

Кӯшишҳо барои ёфтани моликони ширкати "Ориёно Сохтмон" ва фаҳмидани асли баҳс то замони нашри матлаб бенатиҷа монд. Дар сурати ба даст омадани шарҳи онҳо ба матлаб изофа хоҳем кард.

Дар номаи шикоятии соҳибмулкони бино ба номи Радиои Озодӣ дар баробари номи чанд масъули ширкат исми Зайнулло Соҳибов, яке аз хешовандони раисиҷумҳур, ба унвони "раҳбар" зикр шудааст.

Як манбаъ дар идораҳои давлатии пойтахт низ дар суҳбаташ бо мо аз Зайнулло Соҳибов ном гирифт, ки ба гуфтаи ӯ, "ваъда дод, бо фаро расидани тобистон соҳибмулконро розӣ карда, сипас корҳои сохтмониро шуруъ мекунад".

Маълум нест, нақши Зайнулло Соҳибов дар ин қазия чист. Дар ҳоле ки дар огоҳинома ба соҳибмулкони бино имзо ва номи Ҷамшед Ғуломов ҳамчун мудири кулли ширкат навишта шудааст.

Нашрияи "Боҷу Хироҷ"-и Кумитаи андози Тоҷикистон дар соли 2021 ширкати "Ориёно Сохтмон"-ро "бемасъулият" номидааст, ки 250 ҳазор сомонӣ молиётро дар вақташ напардохт.

Дар Раёсати меъморӣ ва сохтмони ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад "боздошта шудааст".

Як мусоҳиби мо дар ин ниҳод гуфт, "қонунгузорӣ новобаста аз шахсияти соҳиби ширкати бинокор муқаррар кардааст, ки то замони қонеъ нагардондани талаби сокинони манзил тахриби бино манъ аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ташвиши даҳҳо оила аз тасмими “Ориёно Сохтмон”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Дар пайи иҷрои барномаи "Генплан" ё бозсозии куллии Душанбе ҳар чанд вақт баҳси сокинон бо ширкатҳои бинокор ва мақомот расонаӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, бозсозии Душанбе амри зарурист ва кӯчондани биноҳои ду, се ва чаҳорошёнаи бозмонда аз Шӯравӣ ҳам. Дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақа месозанд.

Соҳибони хонаҳои куҳна мегӯянд, ширкатҳои сохтмонӣ бештар дар фикри манфиати худ ҳастанд. Илова ба ин, ба гуфтаашон, бунёди баъзе аз биноҳои нав солҳо тӯл кашида, мардумро дар шароити ногувор мегузорад. Онҳо ё муддати дароз дар манзили иҷора мемонанд ва ё ночор ба хонаҳои ниматамом мекӯчанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG