Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбе обод мешавад, хонаҳои мо вайрон". Баҳси сокинон ва бинокорон бар сари чист? ВИДЕО


Яке аз сохтмонҳои Душанбе
Яке аз сохтмонҳои Душанбе

Иҷрои нақшаи бозсозии умумии пойтахти Тоҷикистон ё ба истилоҳ, “Генплани Душанбе” ҳар чанд гоҳ баҳси соҳибони манзил ва ширкатҳои бинокорро ба миён меорад. Сокинон ҷуброни хонаҳояшонро, ки бояд вайрон карда шаванд, нокофӣ медонанд, ширкатҳо масъаларо шарҳ намедиҳанд, вале кори худро пеш мебаранд.

Снежана Голубева, сокини кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт тақрибан як сол боз бо ширкати "Ориёно Сохтмон" баҳс дорад. Вай норозист, ки бинокор барои манзили ӯ маблағи нокофӣ пешниҳод кардааст.

Баҳси хона дар кӯчаи Нисор Муҳаммади Душанбе
Баҳси хона дар кӯчаи Нисор Муҳаммади Душанбе

«Нархгузор ба мо нагуфтааст, ки як метри мураббаъ бояд 600 доллар бошад – пешниҳоде, ки ба мо ширкат кардааст. Мо ба нархгузори мустақил муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд дар ҳоле ки додгоҳ манзилҳоро нархгузорӣ кунад, мо манзилро неву, маҳалли зистро дар назар мегирем. Дар маҳалле, ки мо зиндагӣ мекунем, як метри мураббаъ ҳадди акал 1500 доллар аст»-нигаронӣ кард ӯ. Голубева мегуяд додгоҳ тахриби бинои манзилашро манъ карда, вале ширкат ба кораш идома медиҳад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чунин як баҳс миёни Бибисурайё Шарифова, сокини дигари пойтахт бо ширкати сохтмонии “Элит строй сервис” қариб якуним сол боз идома дорад. Ин ширкат мехоҳад манзили ӯро дар кӯчаи “Абдулло-командир” вайрон карда, ба ҷояш манзили баландошёна созад. Додгоҳ амр додааст, ширкат ба ивази манзилаш ба Бибисурайё 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ диҳад, аммо зан талаби дигар дорад. Вай гуфт: “аз ҳамин биное ки мехоҳанд бунёд кунанд ба мо хона додан намехоҳанд, пули ночиз пешниҳод карда мегӯянд хонаро холӣ кунед».

Баҳси сокинон бо Элит Строй Сервис
Баҳси сокинон бо Элит Строй Сервис

Ҳоло даҳҳо сокини Душанбе айни ҳамин мушкилро доранд. Норизигии асосӣ аз номуносиб будани пешниҳоди ширкатҳо бар ивази аз байн бурдани хонаҳояшон аст. Онҳо шикоят мекунанд, ки масъулони ширкатҳо бе мувофиқа бо онҳо, ба тахриби хонаҳояшон сар карда, ҳуқуқашонро "дағалона поймол мекунанд".

Ба ҷои бинои замони Шуравӣ, ки Фаррух Искандаров, сокини Душанбе зиндагӣ мекунад бояд баландошёна сохта шавад. Вале бидуни розигии соҳибмулкон тахриби бино шуруъ шудааст.

Искандаров гуфт: “сарфи назар аз он ки мо ҳоло дар ин бино зиндагӣ мекунем, онҳо омада хонаи моро вайрон мекунанд ва бомпушҳои бинои моро мекананд. На телефон, на мавҷдиҳандаҳо кор намекунанд». Ҳуқуқшиносон мегӯянд, то замони ҳалли чунин баҳсҳо ҳеҷ кас ё ширкат ҳақ надорад, хонаҳоро вайрон кунад.

Дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои дигар баҳсҳои вобаста ба манзили наву кӯҳна кам нест. Ҳар чанд вақт сокинон шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро тахриб карда ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд. Меъморон мегӯянд ягона роҳ ин аст, ки ширкати сохтмонӣ ва соҳибони манзил бар асоси нархи бозор ба тавофуқ расанд.

Аз тарафи дигар ба мардум нақшаҳои бозсозии шаҳр ва манзили онҳоро аз пеш нишон дода шавад. Рустам Муқимов, доктори илмҳои меъморӣ ва устоди донишгоҳи политехникӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Дар замони Шуравӣ маҳаллаву ноҳияҳо аз ҳисоби буҷаи давлат сохта мешуданд ва дар як сол то ду се маҳалларо сохта ба истифода медоданд. Он чанд ҳазор нафарро бо манзил таъмин мекарданд. Имрӯз бошад сохтмони давлатӣ ба маротиб кам шудааст. Аз рӯи ҳисоботҳои шахсии ман қариб 90 дарсади сохмонҳо мутааллиқи ширкатҳои хусусӣ ҳастанд. Алаббат ин хонаҳо на он қадар аҳолиро қонеъ мекунанд. Ширкатҳо бо нияти ҳарчӣ бештар даромад ба даст овардан хонаҳои баланд ё наву камхарҷ месозанд, гоҳо ба меъёрҳои меъморӣ мувофиқ нест”.

Дар гузашта баъзе аз масъулон пешниҳод карданд, ки барои аз байн рафтани баҳсҳо як ниҳоди мустақили нархгузории манзил дар кишвар таъсис ёбад. Зеро бораи як иншоот чанд хулосаи коршиносӣ аст, ки кори додгоҳҳоро барои муайян кардани арзиши воқеии хона мушкил мекунад.

Аммо як пажӯҳиши "Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон" нишон додааст, ки дар бештари мавридҳо додгоҳҳо ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо мустақил набуданд. Аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар бештари маврид баҳси манзилро ба додгоҳ намекашанд.

"Ба хотири ин ки ба худ бовар надоранд ва метарсанд, ки масъала аз будаш бузургтар нашавад". Тавре Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегуяд: "дар Тоҷикистон, ки усули як бому ду ҳаво ба воқеияти фарҳанги муносибти мо табдил шудааст, баъзе ширкатҳои сохтмонӣ бо сӯистифода аз робитаҳои худашон бо маркази тасмимгирӣ ё аз тариқи муносибатҳои коррупсионӣ адолати судӣ дар Тоҷикистонро эътироф намекунанд".

Масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дар Тоҷикистон дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои Душанбе аз 400 то 1800 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, «фарқ замину осмон хоҳад буд» ва зоҳиран баҳсҳо барои хона ҳам беасос нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG