Гуруҳе аз сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синоро дар Душанбе таҳдиди тахриби хонаҳояшон нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, барои додхоҳӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рафтанд, аммо посухи мушаххас нагирифтанд. Дар ҳукумати ноҳия тахриби манзили сокинонро тасдиқ карда, гуфтанд, дар онҷо бемористон хоҳанд сохт.
"Ба додхоҳӣ рафтем, ба маҳалла фиристоданд"
Гулбаҳор Сабурова, сокини Навбаҳор, мегӯяд, дувоздаҳ сол пеш манзил сохт, аммо ҳеч гоҳ ва аз ҳеч кас нашунид, ки кораш ғайриқонунист. “Санадҳои расмии манзилро дорем, вале касе намегӯяд, ки дар сурати тахриби манзилҳо тақдири минбаъдаи мо чӣ хоҳад шуд,” – афзуд ӯ.
Ин зан ҳамроҳи гурӯҳе аз ҳамдеҳагонаш рӯзи 6-уми апрели имсол ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рафтаанд, то аз тахриби хонаҳояшон пешгирӣ кунанд. Хонум Сабурова гуфт, "ба назди Озода Раҳмон рафтем. Чаҳор намояндаи моро ба дохил дароварданду дигаронро ба автобус савор карда, ба маҳалла фиристоданд. Хулоса, гуфтанд, 93 хона вайрон мешавад."
Садафмоҳ Аҳмадова, сокини дигари маҳалла, мегӯяд, "13 сол шуд дар ин ҷо зиндагӣ дорам, агар манзиламро тахриб кунанд, намедонам ба куҷо равам".
Видеоро дар инҷо бинед:
"Беморхонаи нимсохтро пурра мекунанд"
Дар идораи сохтмон ва меъмории ҳукумати ноҳияи Сино гуфтанд, аз нигаронии сокинон дар мавриди тахриби манзилҳояшон хабар доранд, вале бунёди беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар маҳалла аз солҳои 60-70-ум дар нақша будааст. Мақомот мегӯянд, мардум дар атрофи он он ғайриқонунӣ хона сохтаанд.
Як намояндаи идора, ки худро Халил Халилов муаррифӣ кард, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тахриби танҳо манзилҳои атрофи беморхона дар назар аст. "Ба ростӣ, маълумоти зиёд надорам. То ҷое медонам, гап дар бораи 93 хона аст. Илова бар ин, ҳуҷҷати на ҳамаи онҳо пурра аст. Ҳафт хона аслан ҳуҷҷат надорад," – афзуд мусоҳиби мо.
Рӯзи 6-уми апрел дар назди беморхонаи нимсохте, ки мақомот дар назар доранд, пур аз одам буд. Сокинон гуфтанд, бо намояндагони мақомоти додситонӣ дар ҳудуди маҳалла бояд мулоқот кунанд ва мехоҳанд, ба баъзе пурсишҳояшон посух ёбанд. Дар баробари намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шахсони низомипӯш низ дар маҳалла ба назар мерасиданд.
Суоли мардум: Чаро пешгирӣ нашуд? Кӣ ҷуброн мепардозад?
Сокинони маҳалла мегӯянд, агар дар атрофи беморхона сохтмон мумкин набуд ё чунин амал ғайриқонунист, пас, чаро дар гузашта аз бунёди манзили онҳо пешгирӣ нашуд? Ба ин пурсиши сокинон касе дар ҳукумати Сино ҳозир нашуд посух диҳад.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар ивази тахриби хонаҳояшон бояд ба онҳо баробар ба арзиши моликияташон ҷуброн пардохта шавад ё дар ҷойи дигаре ба манзил таъмин гарданд. Масъалае, ки дар ҳукумати Сино гуфтанд, то ҳол нарӯшан аст ва қарори ниҳоие дар мавриди ҷуброн ё таъмини сокинон бо манзил дар ҷойи дигаре содир нашудааст.
Маҳаллаи Навбаҳор дар гузашта ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешуд, аммо дар пайи васеъ намудани ҳудуди марзии Душанбе онро ба ноҳияи Синои пойтахт гузарониданд.
Мавзӯи бунёди хона ва тахриби онҳо, солҳо боз дар Тоҷикистон доғ мемонад. Ҳарчанд раҳбарияти Кумитаи замин мегӯянд, назоратро сахттар кардаанд, коршиносон бовар доранд, фасоду набудани шаффофият аз омилҳоянд, ки боиси тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ва баҳс миёни сокинону мақомот шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон пештар хабар дода буд, ки танҳо дар соли 2020 барои фурӯши замин ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои сохта нисбат ба 296 мансабдор парванда кушоданд. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, моҳи феврали соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ мавридҳои фурӯши заминро тасдиқ кард ва онро "ҳақиқати талх" номид.