Телефони мобилӣ, ки барои муҳоҷирон як воситаи асосии гуфтугӯ бо хонаводаашон ҳаст, ҳоло ба як манбаи хатар ва душмани онҳо табдил шудааст. Даҳҳо муҳоҷир ба Радиои Озодӣ навиштанд, баъди ҳодисаи «Крокус», маъмурони амниятии Русия телефонҳои онҳо тафтиш мекунанд ва кӯшиш мекунанд аз дохилаш маводе ёфта, онҳоро гунаҳкор намоянд.
Ҳангоми тарки ватан, муҳоҷирон ба як навъе вобастаи телефонҳои ҳамроҳ мешаванд. Телефони мобилӣ пеш аз ҳама воситаи гуфтугӯ бо оила ва дӯстон дар ватан ва бохабар шудан аз воқеаҳои Тоҷикистону ҷаҳон аст. Телефон имкон медиҳад, ки оила ва дӯстонро бо фиристодани паёмҳо ва суратҳо ба воситаи WhatsApp, Telegram ё Facebook аз худ огоҳ кунанд. Аммо бархе муҳоҷирон мегӯянд, имрӯзҳо смартфонҳо душмани муҳоҷирони тоҷик шудаанд.
Телефонҳои муҳоҷиронро дар ҳама ҷо тафтиш мекунанд: агар онҳо ба WhatsApp, Telegram ё дигар мессенҷерҳо даромадаанд, суханронии динӣ, нашидҳо ва ё хабарҳои вобаста ба Украинаву Ғазаро гӯш кардаанд, инҳо сабаби депорти онҳо мешаванд. Агар онҳо телефонҳои худро пок карда бошанд, телефони нав ё кӯҳна дошта бошанд, бештар зери шубҳа меғалтанд, ҳаматарафа тафтиш ва ихроҷ карда мешаванд. Муҳоҷирон мепурсанд, ҳайронанд, ки бо ин “дӯсти душманшуда” чӣ кор кунанд, бо худ телефон дошта бошанд ё не?
Тарҳи Мигрант Медиа бо чанд муҳоҷире суҳбат кард, ки телефонҳои ҳушманд (смартфон) сабабгори ихроҷашон аз Русия шуд.
Сафо, як ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “телефони ман ҳамааш чун пешина буд, омаданд гуфтанд, ки ту ҷанги Украина тамошо мекунӣ, гуфтам накардам, вақте ки дидам дар канали Ютубам аз дигар ҷо худашон ба забони англисӣ ҷустуҷӯ кардаанд. Гуфтам инро худатон навиштед, шумо дидаву дониста як муҳоҷирро ба ин бало гирифтор кардед.”
Ин муҳоҷир, ки марзбонони Русия пас аз санҷиши телефонаш ӯро ихроҷ карданд, мегӯяд, ӯ дар Ютуб танҳо консерт, саҳнавҳои ҳаҷвӣ ва филмҳои русӣ тамошо мекард. Вай бовар дорад, ки русҳо қасдан наворҳои ҷанги Украинаро дар телефонаш ҷой доданд.
“Онҳо фаҳмиданд, ки ман ба ҳуруфи англисӣ навишта наметавонам. Дидам, ки худашон навиштанд, гуфт ки инро ту тамошо мекунӣ, нигоҳ кардам ба забони англисӣ навишта шудааст. То ҷое, ки задам дар бахши ҷустуҷӯи Ютуб дар бораи ҷанги Украина, ягон чиз набуд. Ман медонам, ки ин чизҳо мамнуъ аст, тамошо ҳам накардаму парво ҳам надорам.”
Сафо рӯзи 8-уми июн аз Душанбе ба Маскав парвоз кард. Ӯ ва даҳҳо мусофири ҳамроҳашро дар фурӯдгоҳи “Домодедово” дастгир, телефонашонро тафтиш ва сипас онҳоро депорт карданд. Садҳо муҳоҷири тоҷик ин рӯзҳо сарнавишти монанд ба Сафо доранд. Чандин нафар дар сафҳаҳои худ дар Инстаграм ва Ютуб муҳоҷиронро огоҳ кардаанд, ки чунин тафтиш дар ҳамаи минтақаҳои Русия ҷараён дорад.
Як муҳоҷир дар Инстаграм навиштааст, “рамзи телефонатонро мепурсанд, мекушоянд, танзимот, аксҳо, Ватсап ва Телеграмро мебинанд. Ҳамаи инҳоро медароянд, тафтиш мекунанд.”
Сайид, муҳоҷири дигари тоҷик ҳам мегӯяд, баъди тафтиши телефонаш ӯро аз фурудгоҳи Домодедово ба ватан пас гардонданд. ”Намедонам барои чӣ ки аз рӯи ҳамин телефон моро гардонданд,”-мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.
Муҳоҷирон мегӯяд, акнун кор ба ҷое расидааст, ки доштан, надоштан ва ё кӯҳнаву нав будани телфони шумо боиси пурсукову боздошти шумо дар фурудгоҳҳои Русия мегардад.
“Нафароне ки телефони одӣ дорад, боздошт мешавад, то охири бақайдгирӣ ё баъзеаш ба парвоз дер мемонад. Барои чӣ телефонатро наовардӣ, пурсуков бисёр мешавад. Сахт тафтиш мешавад, бору бандро холӣ мекунад, мебинанд аппарат қатӣ, боз сагашам сар медиҳад, бӯ мекашад,”-навиштааст як муҳоҷири дигар.
Ҳуқуқшиносон амали нерӯҳои амниятии Русияро зери суол мебаранд. Ҳомии ҳуқуқ Ҷамшед Ёров мегӯяд, дар қонуни Русия дар бораи полис, сухан танҳо дар бораи ҳаққи тафтиш кардани ҳуҷҷат аз тарафи кормандони полис оварда шудааст. Телефон, планшет ва дигар асбобҳо ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ, ҳуҷҷат ҳисобида намешаванд ва барои ҳамин ба ин қонун дохил намешаванд.
“Аз ин рӯ ҳаққи талаб кардани кушода нишон додани телефони муҳоҷирон ин ғайриқонунӣ аст. Ва ҳар як ҳаракати мурофиавӣ бояд зери як қонуну қоидаву аз рӯи як тартиб гузарад. Азназаргузаронӣ ё бо ҳузури як чанд шахсони холис гузаронида мешавад ва ҳатман бо тартиб додани санад. Инро кормандони мақомоти Русия иҷро намекунанд. Ин ҳам аз он сабаб аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Осиёи Миёна дар Русия на он қадар эътироф карда мешавад. Ҳуқуқҳои онҳо поймол карда мешавад ҳаматарафа,”-афзуд Ҷамшед Ёров.
Ҳуқушинос Ҷамшед Ёров мегӯяд полис танҳо дар ду ҳолат метавонанд телефони шуморо тафтиш кунанд ва бо ҳамин роҳ ба ҳаёти шахсии шумо дастрасӣ дошта бошад. Якум ҳолат агар нисбати шахс парвандаи ҷиноятӣ бошад ва телефон ё планшет ҳамчун далели шаъйӣ сабт шуда бошад. Дуввум агар шахс бо хоҳиши худаш дастгоҳро боз карда, барои тафтиш пешниҳод кунад.
Ҷамшед Ёров ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, дар телефонҳои худ маълумоти манъшударо ҷой надиҳанд. “Муошират бо шахсоне, ки суҳбат бо онҳо ҷурм бошад, ягон сабти ғайриқонунӣ дар телефонҳои шумо набошад.”