Марзбонҳои Русия як ҳафта боз ба садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Внуково" иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд. Вазорати корҳои хориҷӣ 30-юми апрел гуфтааст, мақомоти рус пас аз чанд рӯзи боздошт зиёда аз 600 муҳоҷири тоҷикро аз ҳамин фурудгоҳ ихроҷ кардаанд.
Яке аз муҳоҷирони ихҷрошуда ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта "ташнаву гурусна" буданд ва "ҳоли зор" доштанд.
"Фақат ба ҳоҷатхона роҳ медоданд, тамом. Ягон фурӯшгоҳ набуд. Дар рӯйи фарш хобидем. Муроҷиат кардем, ки матрас диҳанд, махсусан барои беморону маъюбон. Занону кӯдакон буданд. Наоварданд. Бисёриҳо дар рӯйи замин ва занону кӯдакон дар рӯи мизҳои холӣ хобиданд," -- нақл кард ӯ.
Дар санади ихроҷи ин ҳамсуҳбати мо ва муҳоҷирони дигар навиштаанд, ки "дар бораи ҳадафи сафарашон ба Русия маълумоти нодуруст доданд". Муҳоҷирон мегӯянд, марзбонҳои рус телефонҳояшонро гирифта, соатҳо мукотиба ва саҳифаҳои онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ санҷиданд.
"Телефонҳои моро гирифта, аввал дар назди худамон тамошо карданд. Сипас гуфтанд, ки телефон дар дасти онҳо мемонад. Рамзи телефонҳоро гирифтанд. Рӯзи 29-уми апрел телефонҳоро баргардонданд. Дар Ютуб наворҳои ифротӣ ва иғвогарона тамошо карда шуда буд," – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Мақомоти Русия ба таври умумӣ гуфтаанд, ки тафтиши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм ҷараён дорад. Шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон гуфт, ҳамроҳи онҳо чанд муҳоҷир аз Узбекистон, Чин ва Марокаш низ буданд, "вале онҳоро зуд раҳо карда, моро як ҳафта дар шароити бад нигоҳ доштанд".
Видеоро дар инҷо бинед:
Тафтишу боздошт, озору азият ва ихроҷу банд мондани муҳоҷирон дар Русия, аз ҷумла дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои марзӣ, пас аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар Маскав афзоиш ёфт. Мақомоти Русия 12 шаҳрванди Тоҷикистонро дар иҷро ва ҳамроҳиву ҳамкорӣ дар ин ҳодиса муттаҳам карда, ба ҳабс гирифтаанд.
То кунун Тоҷикистон дар чанд баёния ва як ёддошти эътирозӣ бархӯрди мақомоти Русияро бо муҳоҷирони тоҷик ҳадафманодона ва номуносиб номид. Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, тафтишти муҳоҷирон чораи муваққатист.