Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, чизу чораатонро бардореду дафъ шавед"


Даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ба зӯроварӣ, муносибати душманона ва ронда шудан аз кор рӯбарӯ гаштаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, сокинони Русия талош мекунанд, дар ҳар ҳолати мумкин бадбинии худро ба онҳо нишон диҳанд. 

Бахши "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ бар пояи ин шикоятҳо ва гуфтугӯ бо муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия ин гузоришро омода кардааст.

"Ана, посбонҳо омаданд ҳамаро аз кор пеш карданд. Ҳамаро гуфтанд, ки чизу чораатонро бардореду дафъ шавед," -- мегӯяд як муҳоҷирон.

Ин муҳоҷирон дар сохтмон кор мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, вале танҳо барои он ки тоҷик ва узбек ҳастанд, аз кор ронда шуданд. Ба онҳо ягон сабаберо ҳам нагуфтанд. Фақат яке аз мудирон бо хашм гуфтааст: “Шумо ҳамаатон ҳамин хел ҳастед!” Манзураш муҳоҷироне буданд, ки ба гуфтаи мақомоти Русия дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав амалиёти террористӣ анҷом додаанд.

Аз баъзе минтақаҳои дигар дар бораи латукӯб шудани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ хабар мерасад. Муҳоҷирони қирғиз паёми садоие фиристодаанд, ки дар он гуфта мешавад, дар шаҳри Химкии наздикии Маскав бачаҳои 17-18 сола чанд муҳоҷирро аз Қирғизистон латукӯб карданд ва гуфтаанд "Шумо ба ин ҷо меоед ва русҳоро мекушед".

Як муҳоҷири қирғиз дар ин паёми садоӣ мегӯяд, "вақте мо аз мағоза баромадем, бачаҳои 18-23 сола омаданд, дарро пӯшиданд, бо балончаи газӣ ба рӯямон пошиданд. Акнун ба худ омадем. Чашмамонро кушодем. Мо ба 102 занг назадаем. Мо коре накардем. Ҳатто русҳое, ки аз роҳ мегузаштанд ва ҳамаи инро медиданд, ҳеч коре накарданд. Ман мехоҳам Шуморо огоҳ кунам. Ҳозир набароед. Ин бачаҳо дар Химки ҳастанд."

Як муҳоҷири тоҷик ҳам мегӯяд, субҳ вақте ба кор омаданд, ҳама муҳоҷирони тоҷикро аз кор берун кардаанд. Аз ҳама бештар онҳое нигаронанд, ки аз рӯйи вазифаашон бояд бо сокинони маҳаллӣ дар тамос бошанд. Носир яке аз онҳост. Ин муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Қазон таксӣ меронад.

“Вақте мебинад ту тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон ҳастӣ, дигар хел тафтиш мекунанд, саволҳоро дигар хел медиҳанд ва муносибат ҳам зуд дигаргун мешавад, каме сахттару дағалона,” -- мегӯяд Носир.

Ба гуфтаи ин таксирони тоҷик, тафтиш ва таҳқири ҳамкорони ӯ дар Нижний Новгород ва Саратов ҳам ҷой дорад: “Ман дирӯз аз он хавотир будам, ки ягон мусофири девонае ба мошинам савор нашавад, аммо имрӯз аллакай аз нерӯҳои амниятӣ метарсам.”

Чандин муҳоҷир мегӯянд, аз тарси бадтар шудани вазъият талош доранд, Русияро тарк кунанд. Вале ин ҳам осон нест. Шодӣ, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, тафтишот дар фурудгоҳ бениҳоят сахт аст.

Ба гуфтаи Шодӣ, ба онҳо тавсия додаанд, ки ба кор набароянд: "Ин шаҳри хурд аст, аз Маскав хеле дурем, эҳтимол дорад, агар ҳамин ҳолат давом ёбад, моро манъ кунанд. Тафтиш шуда истодааст, хобгоҳҳо, хонаҳо, ҳар куҷое, як “ғайрирус” зиндагӣ мекунад, тафтиш мешавад. Аллакай мушоҳида мешавад, ки чанд ҷоро тафтиш карда истодаанд.”

Аз сар шудани рейдҳо дар чанд минтақаи Русия хабар мерасад. Канали телеграмии “База” хабар дод, ки пас аз воқеаи “Крокус” дар ниҳодҳои корҳои дохилии Русия гурӯҳҳои махсуси тафтиши иловагии муҳоҷирон созмон ёфтаанд.

Ин дастаҳо хобгоҳҳои умумӣ, ширкатҳо, роҳҳои гуногунро зери тафтиш гирифта, ҳамроҳи кормандони пулиси роҳ ҳуҷҷатҳо ва шахсияти муҳоҷиронро месанҷанд. Ҳамзамон дар Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки то поёни амалиёти ҳарбии Русия дар Украина омадани муҳоҷирон ба Русия маҳдуд карда шавад.

XS
SM
MD
LG