Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳо аз як шаҳри Тоҷикистон ба Маскав бекор шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Маскав-Бохтар то 7-уми апрели имсол бекор шудааст. То охири моҳи март ҳар рӯз аз фурудгоҳи Бохтар ба Маскав як ҳавопаймо мепарид. Парвозҳоро дар ин масир ширкати русии “Северний ветер” анҷом медод.

Фарҳод Абдурашидзода, мудири фурудгоҳи Бохтар, рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Русия барқия гирифтаанд, ки парвозҳо то 7-уми апрел боздошта шудааст. Ба гуфтаи Абдурашидзода, дар ин барқия сабаби лағви парвозҳоро нанавиштаанд.

Парвози ҳавопаймоҳо дар масири Бохтар-Маскав дар ҳоле бекор шудааст, ки охири моҳи март мусофирони ин хатсайр аз дармондан дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав шикоят карданд.

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 28-уми март аз фурудгоҳи Бохтар ба Шереметово парвоз карданд, аммо як рӯз онҳоро дар ин фурудгоҳи Маскав нигоҳ доштанд. Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки муҳоҷирон дар рӯйи фарши фурудгоҳ нишастаанд.

Дар пайи ҳабси 9 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” нигарониҳо аз сафар ба Русия зиёд шуд.

Масъулони баъзе аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ гуфтанд, як қисми мусофирон билетҳои худро бармегардонанд. Маълум нест, ки чӣ қадар мусофирон аз парвоз ба Русия даст кашидаанд.

Дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Урал” мегӯянд, дар парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия тағйироте нест. Ҳарчанд як масъули ширкати “Сомон Эйр” тасдиқ кард, ки “аз ҳар парвоз 10-15 мусофир кам шудааст.”

Фасли баҳор мавсими сафари садҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия аст. Мақомоти Қирғизистон ахиран аз шаҳрвандони кишвари худ даъват карданд, ки муваққатан ба Русия нараванд.

XS
SM
MD
LG