Путин дар Остона "бо шаш раҳбари хориҷӣ" дидору гуфтугӯ мекунад

9 ноябри соли 2023, Остона

Президенти Русия Владимир Путин барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) субҳи 3-юми июл вориди Остона шуд.

Ҷаласа рӯзи панҷшанбе, 4-уми июл барпо мешавад ва имрӯз, ба навиштаи хабаргузориҳои расмии русӣ, Путин қарор аст “ба камиаш бо шаш раҳбари кишварҳои хориҷӣ дидору гуфтугӯ кунад”. Дар миёни онҳо президентони Туркия ва Чин – Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Си Ҷинпин мебошанд. Кремл гуфтааст, ки бо чанд раҳбари дигари хориҷӣ мулоқоти дуҷониба барпо мешавад.

Президенти Русия, ки феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳуҷум кард, дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад ва ба ҷуз чанд давлати шарикаш, ба кишварҳои ғарбу Аврупо сафар карда наметавонад. Охирин сафари хориҷии ӯ моҳи июн ба Кореяи Шимолӣ буд ва он ҷо ӯ бо Пхенян созишномаи нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи низомиро имзо кард.

Баъди содир шудани қарори ҳабси Путин аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо дар Гаага, ин сафари дуюми ӯ ба Қазоқистон аст. Мақомот дар Остона гуфтаанд, ки қарори ин додгоҳ дар хоки Қазоқистон амал намекунад.

Аз дирӯз ба ин тараф раҳбари Чин Си Ҷинпин ҳам бо ҳадафи анҷоми як сафари давлатӣ дар Остона қарор дорад ва баъди ин бояд ба Тоҷикистон ҳам барои як сафари давлатӣ парвоз кунад.

То он замон раҳбари Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон, Ҳинд ва Эрон ҳам бояд дар ҷаласаи Остона иштирок кунанд. Дар ин ҷаласа иштироки дабири куллии СММ Антонио Гутерреш ҳам дар назар аст, ки ҳамзамон як сафари кориро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки нисфирӯзии чоршанбе Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон парвоз кард.

Дар ҷаласаи 4-уми июл Беларус узви даҳуми СҲШ эълон мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон расидСафари дабири кулли СММ ба УзбекистонШурӯи сафари давлатии Ҷинпин дар Қазоқистон