Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи сафари давлатии Ҷинпин дар Қазоқистон


Мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин
Мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари давлатӣ дар   Қазоқистон қарор дорад. Дар ин сафараш ӯ инчунин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.

Ҷинпин рӯзи 2 июл ба амиқтар шудани равобити иқтисодӣ ва сиёсии миёни Осиёи Марказӣ ва Пекин таъкид кард.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Мао Нинг рӯзи душанбе гуфт, Пекин умедвор аст, ки ҷаласаи СҲШ барои таъмини сулҳ, субот ва рушд дар кишварҳои узви ин созмон ва ҳам пешрафт дар сулҳи давомдор ва шукуфонӣ дар ҷаҳон мусоидат мекунад.

Интизор меравад, ки баъдан ӯ ба Тоҷикистон барои сафари дуюми давлатӣ сафар кунад. Мао Нинг гуфт, Ҷинпин ба кишвари ҳамсояи ғарбиаш сафар мекунад ва барои рушди равобити Чину Тоҷикистон “нақшаҳои наверо” муаррифӣ мекунад.

Пекин, соли 2017
Пекин, соли 2017

Рӯзи 30 июн ВКХ-и Тоҷикистон гуфт, сафари раҳбари Чин бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, "мулоқоти дуҷониба ба таври маҳдуд ва васеъ" дар назар аст. Вазорат гуфт, ки раҳбари Чин "дар чорабиниҳои дигари расмӣ" ширкат хоҳад кард, вале тафсилот надодааст.

Ба эҳтимоли қавӣ раиси ҷумҳури Чин дар маросими ба истифода додани бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Сохтмони ҳарду бино соли 2018 оғоз шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Чин барои сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумат 1,5 миллиард юан (беш аз 200 миллион доллар) ҷудо кардааст.

Дар Душанбе бунёди ин ду иншоотро "дастгирии беғаразонаи молии кишвари дӯсту ҳамсоя" номиданд, аммо мунтақидон онро як навъ нуфузи дигари Чин ба Душанбе гуфтанд.

Тоҷикистон дар солҳои охир як кишвари вобастаи сармояҳои Чин дониста мешавад. Аз 3 милиларду 200 милилон доллар (то оғози соли 2024) қарзи берунии ҷумҳурӣ бахши асосии он ба Пекин марбут аст.

XS
SM
MD
LG