Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дабири кулли СММ ба Узбекистон


Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи якшанбе дар доираи як сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд шудааст.

Хадамоти матбуотии ҳукумати Узбекистон иттилоъ дода, ки Гутерришро дар фурудгоҳ сарвазир Абдулло Орифов пешвоз гирифт.

Қаблан хабар дода шуд, ки дабири кулли СММ дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Тошканд, бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар мулоқот тавсеаи ҳамкориҳои СММ ва Тошканд, сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ мешаванд.

Антонио Гутерриш ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ҳам сафар ва 4-уми июл дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шангхай дар шаҳри Остона иштирок мекунад.

Дабири кулли СММ бори охир соли 2017 ба Осиёи Марказӣ омада буд.

XS
SM
MD
LG