Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон расид


Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф рӯзи 2 июл бо ҳадафи анҷоми як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттило додааст. Ин аввалин сафари Шаҳбоз Шариф ба хориҷа баъди пирӯзиаш дар интихобот мебошад.

Ду ҷониб қарор аст масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд ва ҳам имзои бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ дар назар аст. Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.

Дар остонаи сафари ӯ ба Тоҷикистон миёни Душанбеву Исломобод хатсайри нави парвоз ба роҳ даромад. Рӯзи 27-уми июн ширкати «Сомон Эйр» нахустини парвозро миёни ду пойтахт ба субут расонид.

Бо ин вуҷуд, додугирифтҳои тиҷоратии миёни ду кишвар чандон баланд нест. Гардиши савдои байни ин кишварҳо соли 2022 беш аз 32 миллион долларро ташкил додааст.

Покистон, ки мисли Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, як ҳамкору шарики фаъоли сиёсии Душанбе ба шумор меравад. Равобити дипломатии миёни ин ду кишвар соли 1992 барқарор шудааст.

Ҳарду кишвар узви Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой ҳастанд, ки қарор аст 4 июл дар Остона ҷаласаи сарони кишварҳои узвро барпо кунад ва ширкати мақомоти Тоҷикистон ва Покистон ҳам дар ин нишаст пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG