"Норак" аз об пур аст, аммо чаро маҳдудияти барқ аз байн намеравад?

"Норак"

Дар ҳоле ки як сабаби камбуди нерӯи барқро дар Тоҷикистон ба сатҳи поини об вобаста медонанд, мудири "Норак" гуфт, захираи обанбори ин нерӯгоҳ аз гузашта бештар аст.

"Имсол, дар моҳи январ, ҳаво гармтар омад. Нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст," – шарҳ дод Фазлиддин Шоҳиддинов чанде пеш дар нишасти матбуотӣ.

Хушхабари дигар, ба қавли ӯ, ин аст, ки нерӯгоҳи “Норак” назар ба гузашта барқи бештар истеҳсол кардааст: "11 миллиарду 50 миллиону 699 ҳазор киловат соат қувваи барқ истеҳсол кард. Нисбат ба соле пеш 309 миллиону 645 ҳазор киловат соат зиёдтар."

Афзоиши истеҳсоли барқро дар нерӯгоҳи "Норак" ба оғози дубораи кори чархаи аввал дар соли 2022 пайванд доданд. Бозсозии чархаҳои дигари нерӯгоҳ идома доштааст.

Аз афзоиши истеҳсоли барқ дар ҳоле хабар дода мешавад, ки сокинони аксар минтақаҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Норак" аз об пур аст, аммо чаро лимит аз байн намеравад?

Аз аввали октябри соли 2023 то ҳоло маҳдудияти истифодаи барқ ҷорӣ шудааст Феълан сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар шабонарӯз танҳо 8 соат барқ мегиранд. Кай поён ёфтани он маълум нест.

Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 13-уми феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Чун зимистон ҳоло дар пеш аст, бино бар ин, маълум кардан ғайриимкон аст. Истифодаи барқ нисбат ба истеҳсол зиёд шуда, чунин номутобиқатӣ боис ба маҳдудият гардидааст.”

Мақомот дар солҳои гузашта ҷорӣ шудани “лимит”-ро ба поин шудани сатҳи оби обанбори “Норак” ва “корҳои профилактикӣ” рабт медоданд. Имсол бо 3 метр баландтар будани сатҳи обанбори “Норак” ва зиёд шудани истеҳсоли барқ, акнун “лимит”-ро ба афзоиши истифодаи он бастагӣ доданд.

Сокинон бар инанд, ки лимит барои бештар кардани фурӯши барқ ба Афғонистон ва кишварҳои дигар ҷорӣ шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2023 ба хориҷи кишвар зиёда аз 2,6 миллиард киловат соат барқ содир кардааст, ки назар ба соле пеш аз он 124 миллион киловат зиёд аст. Дар ин бора дар гузориши солонаи ширкати “Барқи Тоҷик” омадааст. Беш аз якуним миллиард киловат соати онро ба Афғонистон додаанд.

Ба қавли масъулони ширкат, боқимондаи барқ ба Узбекистон (907 миллион киловат) ва Қазоқистон (144,6 миллион киловат) содир шудааст. Дар гузориш нархи фурӯши барқ ба ин се кишвар ва маблағи умумии он зикр нашуда.

Интиқоли барқ ба хориҷ, дар шароите ки мардуми Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд, интиқодҳоро дар дохили кишвар ба миён овардааст.

Мақомот гуфтаанд, нерӯи барқ ба хориҷа асосан дар фасли тобистон ва дар вақти зиёд будани об фурӯхта мешавад, аммо барои ин ҳарфи худ ҳеч далеле наоварданд ва барои ҳамин шубҳаву гумонҳо зиёд аст ва камбарқӣ, бархилофи ваъдаи мақомот, ҳанӯз ба “афсона” табдил наёфтааст.