Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" қарзашро ба Тоҷикистон ва се кишвари дигар пардохтааст


Имзои созишномаи нав миёни ширкати "Барқи Тоҷик" ва "Брешно", Туркия
Имзои созишномаи нав миёни ширкати "Барқи Тоҷик" ва "Брешно", Туркия

Ширкати "Брешно"-и Афғонистон, ки зери назорати гурӯҳи "Толибон" аст, 627 миллион доллар қарзи ҷамъшударо аз истифодаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистону Эрон пардохтааст.

Дар ин бора сомонаи "Ҳашти субҳ" хабар дод.

Ҳикматулло Майвандӣ, намояндаи "Брешно" гуфтааст, бо ҳамин қарзи онҳо дар назди чор кишвар пурра тамом шуд. "Ин миқдор вом аз ҳукумати пешина монда буд," – афзудааст ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи пурра пардохта шудани ҳаққи барқ аз тарафи "Толибон" чизе нагуфтаанд.

Онҳо дар аввали соли 2022 аз он шикоят доштанд, ки баъди ба қудрат расидани "Толибон" наметавонанд пули барқро аз Афғонистон дарёфт кунанд. Он замон қарзи ширкати "Брешно" аз Тоҷикистон беш аз 30 миллион доллар ҳисоб шуда буд.

Тоҷикистон чанде пеш розӣ шуд, ки дар соли 2024 низ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи "Толибон" барқ бидиҳад, вале маълум нест чӣ қадар. Дар ҳамин ҳол, дар гӯшаҳои Тоҷикистон "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист.

Шабакаи миллии барқи Узбекистон низ барои содироти нерӯи барқ ба Ағфонистон дар соли 2024 созишнома имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG