Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дард"-и зимистонаи Тоҷикистон, ки дар тобистон рӯ задааст. ВИДЕО


Соҳибони мағозаҳо мегӯянд, маҳсулоташон дар бебарқӣ вайрон мешавад
Соҳибони мағозаҳо мегӯянд, маҳсулоташон дар бебарқӣ вайрон мешавад

Дар деҳаву ҷамоатҳои шимоли Тоҷикистон шикоят аз бебарқӣ зиёд шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд расман маҳдудияти барқ ба онҳо эълон нашудааст, вале дар як шабонарӯз соатҳо бебарқ ҳастанд. Ин вазъ ба саломатӣ ва таъминоти рӯзгори онҳо таъсир расондааст. Масъулони идораи барқ сабабҳои дигарро пеш меоранд.

Зайниддин Низомиддинов нафақахӯр аст ва бештари вақти хешро дар хона мегузаронад. Ӯ дар ин гармиҳои тобистон мехоҳад бештар ба салқинӣ паноҳ барад, вале ба гуфтааш бештар аз як моҳ боз барқро дар минтақаи онҳо ғайриинтизор хомӯш мекунанд. Ин ҳолат ба сиҳатии худу пайвандонаш бетаъсир намондааст.

Ин сокини Конибодом гуфт, “сардкунак (кондитсионер) тамоман кор намекунад. Шаббодакунакро тавассути автотрансформатор мемонем ва каме салқин мешавем. Дар як рӯз се-чор маротиба барқро хомӯш мекунанд. Агар барқ ояд ҳам хеле шиддати паст дорад. Ҳоло писарам симҳои иловагӣ овардааст, ки каме шиддати барқро беҳтар кунад”.

Зулайхо Эргашева, сокини дигари Конибодом айни ҳамин мушкилро дорад. Мегӯяд, «баъзе рӯзҳо се-чор соат ва баъзан як соат барқро хомӯш мекунанд. Ҳоло як дақиқа ҳам хомӯш карда, боз рӯшан мекунанд. Ҳама таҷҳизоти техникиамон месӯзад, сабабашро намедонем”.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Дард"-и зимистона, ки дар тобистон рӯ зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Бебарқӣ асосан ба кори тоҷирон зиён овардааст. Аксари мағозаҳо яхдону таҷҳизотҳои хунуккунанда доранд ва дар ин рӯзҳои тафсон молу маҳсулоти худро дар он ҷой мекунанд. Бархе соҳибкорон бо истифода аз барқ хӯрок омода кардаву мефӯрушанд. Аммо бебарқии тобистона кори онҳоро суст кардааст.

Юлчӣ Умаров, як тан аз соҳибкорони зарардида мегӯяд, ҳасибҳо аз гармӣ вайрон мешаванду, яхмосҳо об. "Инҳоро ба соҳибонаш баргардонда наметавонам. Маҷбур дар дохили яхдон меистад. Дигар яхмос гирифта наметавонем. Гардиши савдоямро нест кардааст. Моли пастсифатро ҳеҷкас намехарад ва савдои ман суст мешавад".

Ин вазъ ба кори деҳқонон ҳам халал расондааст. Дар шаҳри Конибодом сокинонаш асосан ба кишоварзӣ машғул ҳастанд ва бештар аз пойгоҳҳои обкашии барқӣ истифода мебаранд. Ба гуфтаи соҳибони пойгоҳҳои обкашӣ ноогоҳона қатъ шудани барқ таҷҳизоти обрасонии онҳоро чандин бор сӯзондааву зиёни молӣ овардааст.

Ҳакимбой Юлдошев, сокини Конибодом ба Радиои Озодӣ гуфт, насоси обшакии деҳаи онҳо дар се моҳ ду маротиба аз кор баромад. Ҳар маротиба барои таъмири он аз мардум- ҳазор сомонӣ ҷамъ кардаанд.

Нигаронии асосии сокинон дар он аст, ки бар замми номураттибии барқ масъулони ин ниҳод боре ҳам онҳоро огоҳ намекунад ва мардум пешакӣ ба бебарқӣ омодагӣ намебинанд. Масъулони ин идора дар шаҳри Конибодом омода нашуданд дар видео ин масъаларо шарҳ диҳанд. Вале дар сӯҳбати ҳузурӣ сабаби бебарқиро ба гармии ҳаво, таъмири ҷорӣ ва “фармон аз боло” рабт доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин авохир шикоят аз бебарқӣ дар дигар манотиқи дурдасти вилояти Суғд зиёд шудааст. Сокинон аз он нигаронанд, ки шояд бе эълони расмӣ идораи барқ “лимит” ҷорӣ кардааст. Зеро чунин вазъ соли гузашта низ таҷриба гардидааст.

Камбуди барқ дар Тоҷикистон як мушкили куҳна аст ва бо вуҷуди ваъдаҳои зиёди мақомот он то ҳол бартараф нашудааст. Ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон сокинони деҳоти Тоҷикистон аз камбуди барқ азият мекашанд. Мақомот айбро гоҳ ба таъмир ва гоҳ ба камбуди об дар обанборҳо рабт медиҳанд. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG