Барои намуна, Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси порлумон ба мақомоти иҷроия, ба мансаби муовини сарвазир, таъйин шуд. Суҳайлӣ Қурбонзодаро, ки раиси бахши зерсохтии Дастгоҳи иҷроияи президент буд, муовини раиси вилояти Суғд таъйин карданд. Сиҷоуддин Саломзода аз муовинати шаҳрдории Душанбе ба курсии раиси ноҳияи Данғара интиқол ёфт.
Кормандони ниҳодҳои қудратӣ, истихборотӣ, додгоҳу додрасҳо низ дар канор намонданд. Барканориҳо дастҷамъона аз вилояти Хатлон ва баъди он сар шуд, ки 28-уми уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният бо интиқод аз бахши амният дар ин минтақа дастури барканории сардорони ҳамаи ниҳодҳои интизомӣ ва муовинони онҳоро содир кард.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур далели мушаххаси барканории дастҷамъиро зикр накард, аммо ишора кард, ки ин тасмим ба далели сатҳи поини ҳирфаӣ, бекифоятӣ дар анҷоми вазифаҳои расмӣ, афзоиши ҷиноят ва ғайра гирифта шуд. Бисёре аз ин далелҳо дар гузоришҳои солонаи созмонҳои байнулмилалӣ низ гуфта мешаванд.
Ин “поксозӣ”-и кадрӣ боис ба бигӯмагуҳои доираҳои коршиносӣ шуд; он ба чи чизе рабт дорад ва ҳадафи ниҳоии он чӣ метавонад бошад? Омодагӣ ба интиқоли қудрат, ки чанд сол боз давом дорад, мубориза бо фасод ва ё ба гуфтаи мунтақидони ҳукумат “фурӯши навбатии мансабҳо”?
Дурнамои ҳукумат ва ё барои ҳифзи қудрат?
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва намояндаи порлумон, таъйиноти нави кадриро ба талоши ҳукумат барои амалӣ кардани барномаҳои худ пайванд дод.
“Ин тартиби кори як ҳукумат аст, ки мехоҳад барномаашро амалӣ кунад. Вақти расидан ба ҳадаф бо мушкилие дучор мешавад, метавонад фишангҳо, яъне кадрҳоро иваз кунад,” -- мегӯяд роҳбари демократҳои Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, таъйинот бар асоси иттилооти дар бораи ин ё он корманд пиёда мешавад, ки онҳо ҳангоми дар вазифа будан худро чӣ гуна нишон доданд, ба чӣ натиҷа расиданд ва чӣ камбуд доштанд.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, ба чунин баҳогузорӣ дар мавриди таъйиноти кадрии ҳукумати Тоҷикистон розӣ нест.
“Таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ. Ин бисёр нигарокунанда аст. Ҳисоботи охири Шохис (Индекс)-и дарки фасод нишон дод, ки Тоҷикистон дар ҷадвал бо Судон, Бурунди, Чад, Мянмар қарор дорад. Ин аз чанд омили асосӣ, бахусус аз осебпазирии низоми ҳуқуқӣ ва судӣ, сарчашма мегирад,” – шарҳ дод Сафаров.
Ӯ таъкид кард, ки равандҳои сиёсии солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба талоши қабза кардани қудрат дар як даст монанд аст.
Далели барканории бештари мансабдорон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шуд. Хеле аз онҳо то ҳанӯз вазифаи нав нагирифтаанд.
“Аҳмади порина”?
Ҳайати ҳукумати ҳозира соли 2020 шакл гирифт. Он замон мисли имрӯз сиёсати кадрии кишвар ба далели таъйини хешовандон ва ҳаммаҳалҳо дар мансабҳо ва беҳтар донистани садоқат бар зарфият ҳангоми интихоби кадрҳо мавриди танқид қарор гирифт. Дар натиҷа ҳамон кадрҳои кӯҳна дар дохили низом монданд, ки бо вуҷуди хатоҳо ва танқидҳои роҳбарият, дар симатҳои мушобеҳи раҳбарӣ мансуб шуданд.
“Диссернет” алайҳи мақомоти баландпояе ба монанди раиси ҳозираи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ёвари раиси ҷумҳур дар умури кадрҳо (захираҳои инсонӣ) Асадулло Раҳмон, вазири саноат Шералӣ Кабир, сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода ва чанд масабдори тоҷикро ба дуздии илмӣ мутаҳҳам кард, аммо ин ба фаъолияти онҳо дар идораҳои давлатӣ ҳеч таъсир накард.
Яке аз чеҳраҳои мушобеҳи дигар Ҳабибулло Воҳидзода аст, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур ба вазифаи мувоини додситони кул пешниҳод шудааст. Курсие, ки ӯ соли 2015 пас аз як интиқоди тунди раиси ҷумҳур аз даст дода, вале барои баргаштан ба он дар мақоми додситони вилояти Суғд ва раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кор кардааст.
“Таъйиноти кадрии пешгӯинашаванда”
Муҳаммадҷон Кабиров, бунёдгузор ва сардабири пойгоҳи хабарии “Аzda.tv” мегӯяд, тасмими Эмомалӣ Раҳмонро мантиқан шарҳ додан душор аст: “Душвор аст, ки ин тағйирот барои интиқоли қудрат ба писараш аст ё тағйироти маъмурӣ. Ба ҳар сурат, савдои мансабҳо ва фасод яке аз омилҳои ҷобаҷокунии кадрҳо мебошад. Чун хеле аз кадрҳое, ки барканор мешаванд аз як вазифа ба вазифаи дигар интиқол дода мешаванд, ҳеч натиҷае аз худ нишон намедиҳанд. Агар ин мансабдор дар як вазифа хуб амал накард, барои чӣ дар дигар ҷой таъин мешавад?”
Сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон аксаран ба ин далел мавриди интиқод қарор мегирад, ки аксарияти кадрҳои роҳбарӣ аз ноҳияи Данғара - зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Раиси Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон соли 2018 гуфта буд, ки 38,7 дарсад аз хидматчиёни давлатӣ аз вилояти Хатлон, 24,1% аз Суғд, 17,3% аз ноҳияҳои тобеи марказ, 10,5% аз Душанбе ва 8,9% аз ВМКБ мебошанд. Бар асоси омори ин ниҳод синни миёнаи хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 37 аст.
Оё низом тағйир меёбад?
Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи рӯҳия бахшидан ба тими худ ва нишон додани навъи фаъолият ба мардум даст ба иваз кардани ҷойи мансабдорон мезанад, чун ин танҳо раванде аст, ки мардум метавонанд имкони мустақим дидани онро доранд (дар мавридҳои дигар ҳукумат танҳо аз фаъолияти худ гузориш медиҳад).
“Ман шак дорам, ки кадрҳои “нав” метавонанд дар кори низом кадом тағйире биоваранд, чун дар худи ҳукумат мафҳум ва хоҳиши тағйир додани он вуҷуд надорад. Дувум, ҳамаи кадрҳои “нав” кадрҳои кӯҳнаи ҳамин низом ҳастанд. Табиатан, онҳо дар оянда низ мехоҳанд дар чаҳорчӯбаи муайянкардаи ҳукумат кор кунанд. Аз ин рӯ, аз онҳо набояд интизори тағйироти калон шуд,” - мегӯяд сиёсатшинос Азиз Нуруллоев.
Бар асоси омори Оҷонси хидмати давлатӣ теъдоди хидматчиёни давлатӣ дар соли 2023 ба беш аз 18 ҳазор расидааст, ки 4 ҳазору 556 нафар (24,7%)-и онҳоро занон ташкил медиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕО