Ин навбат Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки ба ин тағйироти кадрӣ чӣ назар доранд? Оё ҷойивазкунии кадрҳо вазъро тағйир медиҳад ва касонеро, ки ба вазифаҳои нав гирифтанд, мешиносанд?
- Албатта чунин тағйирот муфид аст, зеро агар як кадр дар як ҷой чанд сол кор кунад, шояд таҷриба пайдо мекунад, вале аз назари пешрафтҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ зарурате пайдо мешавад, ки ҷояшро иваз кунанд.
- Ротасияи кадрҳо ҳама вақт бошад, як нафар дар як ҷой шинад хуб намешавад. Вақте аз уҳдаи вазифа ё ягон кор мебарояд ва президент бе асос ба ҷойи дигар таъйин намекунад.
- Кадрҳои ҷавон бояд таъйин шаванд, кадрҳои таҷрибадор агар корашонро пеш бурда тавонанд буданашон ҳам бад нест, агар наметавониста бошанд, бояд иваз карда шаванд.
- Албатта президент пеш аз баровардани қароре ҳама чизро хуб фикр мекунанд. Баъд кор мекунанд.
- Роҳбари кишвар худ ҳамаашро нағз медонанд. Мо фақат мегӯем, ки халқ осудаву тинҷ бошад. Ягон роҳбарро шахсан намешиносам.
- Дар ин ҷойивазкунӣ кадрҳои болаёқатро ҳам таъйин карда истодаанд. Ин ҳоло оғозаш аст ва то анҷомаш боз кадрҳои ҷавону боихтисос ва санҷидашударо низ ба сари вазифа меоранд.
- Ана, натиҷаи ҳамин ивазшавии кадрҳо аст, ки ҳоло ба пешарвиҳо ноил шудем.
- Президент ҳатман кадрҳои хубро таъйин мекунанд, ин ҷойивазкунӣ нест, ин барои фоидаи ҳукумат, ҷамъият ва республика аст. Кадрҳои лаёқатмандро таъйин мекунанд. Ҳамин ректори Донишгоҳи миллиро ба вазифаи нави президенти Академияи илмҳо таъйин карданд, боз дигар кадрҳо, ки ҳамаашон бисёр хуб ҳастанд.
- Бояд ҳам кадрҳои ҷавон ва ҳам таҷрибадор ба вазифаҳои давлатӣ таъйин шаванд. Зеро бояд ҳам ҷавонҳоро тарбия кард ва ҳам аз дониши калонсолон истифода кард.
- Таҷрибадорҳо бояд таҷрибаи бардоштаашонро ба ҷавонон супоранд. Албатта, якбора намешавад, давра ба давра, лекин ҷавонҳоро дастгирӣ кардан даркор аст.
- Ҷойивазкунии зуд натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. То вақте, ки роҳбари нав тавонад фаъолияти судовар анҷом диҳад, ба камиаш панҷ сол даркор аст. Барои ошно шудан бо вазъи кор ба роҳбари нав то ҳашт моҳ даркор аст. Баъд кай метавонад роҳбарӣ кунад?
Гуфтугӯ