Бар асоси фармони раисҷумҳур аз 16-уми январ, Фирдавс Толибзодаи 44-сола раиси Бонки Миллӣ таъйин шудааст. Пештар дар мақоми муовини аввали раиси ҳамин идора буд.
Ҳоким Холиқзода, ки то ин дам раёсати Бонки Миллиро ба дӯш дошт, ба як курсии холимондаи муовини сарвазир нишаст.
Дар ҳамин рӯз Абдулло Раҳмонзода аз мансаби раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш барканор ва ёвари президент дар бахши робита бо ҷомеа таъйин шуд. Ба ҷояш дар Кумитаи ҷавонон Зулфиқор Гулаҳмадзода омадааст.
Қобилҷон Хушвахтзодаро, ки аз ҷониби "Диссернет" ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд, раиси нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мондаанд.
Вай то ин дам раиси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло ин мақомро Эмомалӣ Насриддинзода соҳиб шудааст, ки се соли охир ба ҳайси ёвари президент кор мекард.
Чанд ҷойивазкунии дигар
Барканор:
- Сироҷиддин Икромӣ – раиси "Амонтабонк"
- Алиҷон Салимзода – муовини раиси Бонки Миллӣ
- Фирӯз Шарифзода (Ҳумдин) – ноиби раиси Бонки Миллӣ
- Фарҳод Раҳимӣ – раиси Академияи миллии илмҳо
Таъин:
- Хуршед Мирзо – раиис Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
- Фирӯз Шарифзода (Ҳумдин) – муовини аввали раиси Бонки Миллӣ
- Сироҷиддин Икромӣ – муовини раиси Бонки Миллӣ
- Фарҳод Раҳимӣ – раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
- Алиҷон Салимзода – раиси “Амонатбонк”
- Дилшод Раҳимӣ – Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО
Дар фармони президент ва қарорҳои ҳукумат сабаби тағйироти кадрӣ ва ё аз ин мансаб ба он мансаб кӯчондани мақомдоронро нагуфтаанд.
Мухолифон мегӯянд, ҳукумат шахсонеро бештар ба вазифаҳо таъйин мекунад, ки солҳои дароз садоқаташонро озмудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни онҳо занон каманд.
Гуфтугӯ