Бар асоси фармони раиси ҷумҳурӣ аз 30-юми январи имсол, Абдулмаҷид Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, таъйин шуд.
Сиҷоуддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанберо раиси ҳукумати ноҳияи Данғара, зодгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, гузоштаанд. Ӯ дар гузашта раёсати ҳукуматро дар шаҳри Бохтар бар уҳда дошт.
Аз соли 2018 то кунун Исломиддин Раҳмон, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара буд. Мақомот гуфтанд, ӯ "ба кори дигар гузашт", аммо мансаби гирифтааш ҳанӯз маълум нест.
Фирӯза Шарифӣ, ки аз соли 2020 муовини раиси вилояти Хатлон буд, иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак шуд.
Тибқи фармонҳои дигар,
- Мастура Муъминзода – раиси шаҳри Леваканд;
- Носир Суризода – раиси ноҳияи Хуросон;
- Сайвалӣ Амирзода – раиси ноҳияи Муъминобод;
- Рустам Холқизода – раиси ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ,
- Фаррухиддин Набизода – раиси ноҳияи Ховалинг;
- Тағой Абдуллозода – раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
таъйин шудаанд.
Мансур Каримзодаро раиси ҳукумати Файзобод ва Зарина Идизодаро раиси ҳукумати Рашт гузоштанд.
Олимбек Юлдошзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов шудааст.
Чанд рӯз боз дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.
Намояндагони мухолифон онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ва содиқ ба ҳукумати ҳозира медонанд.
Баъзе аз созмонҳои байнулмиалӣ непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсиро “аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон” донистаанд.