"Ба мисли соли 2015"?
Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси собиқи Шӯрои амният ва вазири пешини корҳои дохилӣ, гуфт, бо қазия ошно нест ва чизи мушаххасе гуфта наметавонад, аммо бовар дорад, "ягон камбудӣ будааст, ки ҳамин гуна қарор қабул шуд."
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, бар ин аст, ки барканорӣ аз сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи як вилоятро намешавад тасмими сиёсӣ донист.
Аз сӯйи дигар, ӯ тахмин мезанад, ки "дар марказҳои қабули қарор ҳам шояд ба ин натиҷа расидаанд, ки баъзе аз ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худро аз ҳад озоду мустақил мебинанд, ки ба принсипи марказгароӣ на ҳамеша мувофиқ меояд. Зимнан, дар доираҳои таҳлилӣ дар ин бора барвақттар мегуфтанд ва пайомадҳои онро барои ҷомеаҳое мисли мо на ҳамеша хуб арзёбӣ мекарданд."
Ҷузъиёти далелҳои асосии чунин тасмим маълум нест. Дафтари матбуоти президент "бесалоҳиятӣ, ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсиониро" сабаби барканориҳо донист, вале намунае наовард.
Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи 2015 низ ба Додситони кулли Тоҷикистон дастур дода буд, ки додситонҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳри Душанберо барканор кунад. Дертар баъзеи онҳо ба мансабҳои баландтар таъйин шуданд.
"Мушкил ҷо ба ҷо кардани кадрҳост"
Дар Тоҷикистон сиёсати кадрӣ бар асоси Консепсияе иҷро мешавад, ки ҳанӯз соли 2008 пазируфта шудааст. Санад бартариҳои ин сиёсатро ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаккули низоми муосири мудириятӣ дар тамоми сатҳҳо ва таъмини сиёсати ягонаи давлатии кадрҳо медонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Асирони сиёсати худ". Чаро ҳукумати Тоҷикистон фишорро кам намекунад?Профессори ҳуқуқ Баҳодур Раззоқов бар ин аст, ки аксар камбудиҳое, ки ба миён меояд, натиҷаи нодуруст ҷо ба ҷо кардани кадрҳо аст: “Иллат аз мансабҳои сиёсӣ маншаъ мегирад. Зеро мо проблемаи кадр надорему проблема дар ҷобаҷо кардани онҳо ҳаст, ки боис ба мушкилиҳо мегардад."
Сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи мухолифони ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад. Дар интиқоди баъзе аз созмонҳо ишора шудааст, ки непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсӣ аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо аст.
Чанд сол пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат бо интиқод аз камкории кадрҳо гуфта буд, ки “кадр набошад, аз кисаам ёбам?” Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ-демократӣ, соле пеш гуфта буд, ки “дар ягон давру замон таносуби минтақаҳо, маҳорати касбӣ, сифатҳои кордонӣ ба монанди имрӯз, ки роҳбари давлати мо ба инобат мегирад, то ин андоза набуд”.
Танқиди шадиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро аз кори мансабдорон дар солҳои охир баъзе аз доираҳои наздик ба ҳукумат талошҳое дар роҳи ислоҳоти сиёсати кадрӣ маънидод мекунанд. Аммо кам дар назар гирифтани шоистасолорӣ дар таъини кадрҳо ва омили калидӣ будани вафодорӣ дар ин амр ноумедиҳоро аз ислоҳот бештар кардааст.