Бар асоси тағйироти кадрӣ, ки 21-уми феврал сурат гирифт, Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, соҳиби мансаби нав шудааст.
Ӯро муовини мудири Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъин карданд. Раҳимзода пештар сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.
Сабаби "ҷойивазкунӣ"-и ӯ гуфта нашудааст.
Намояндагони мухолифин ва созмонҳои байнулмилалӣ солҳо боз мақомоти Тоҷикистонро ба хешутаборбозӣ ё непотизм танқид мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро аз мансаб барканор кардаанд. Ӯ мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент буд. Сабаби барканории ӯро “гузаштан ба кори дигар” гуфта, вале дар бораи мансаби наваш хабаре надоданд.
Шоҳин Саидзодаи 38-сола моҳи марти соли 2020 раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин шуд. Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро гирифтааст.
Пойгоҳи "Диссернет" дар Русия соли 2018 ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, кори Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.