Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асирони сиёсати худ". Чаро ҳукумати Тоҷикистон фишорро кам намекунад?


Акс аз маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, моҳи феврали 20223
Акс аз маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, моҳи феврали 20223

Душанбе ҳамвора барои маҳдуд кардани озодиҳо танқид мешавад, аммо майле барои тағйири вазъ надорад.

Моҳи майи имсол барои мақомоти Тоҷикистон ба далели поймол кардани ҳуқуқи одамон саршор аз танқид буд.

"Ислоҳи сиёсати дохилӣ дар авлавияти ҳукумати феълӣ нест. Ҳамаи нерӯ дар ҷиҳати интиқоли қудрати мусолиматомез аст."
Қодир Худоёр

Тоҷикистон дар гузориши Кумисюни Амрико дар заминаи озодии мазҳабии байнулмилалӣ дар миёни 17 кишвари мавриди нигаронӣ аз назари озодии мазҳабӣ қарор гирифт. Дар миёни тавсияҳои дигар ба давлати Амрико пешниҳод шудааст, ки мақомоти ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мавриди таҳримҳои ҳадафманд қарор дода шаванд.

Пеш аз нашри гузориш Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури дин, моҳи апрел ба Тоҷикистон омад. Ӯ аз вазъи озодии виҷдон ва мазҳаб дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва таъкид дошт, ки чаҳорчӯби иҷро шудани озодии динӣ дар кишвар аз меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон хеле фосила дорад.

Хонум Қонеъ таъкид кард, ки Тоҷикистон бояд гузаштаи марбут ба ҷанги дохилиро фаромӯш ва аз озодии дин ва бовар пуштибонӣ кунад.

Вокуниши беҷон ё муколама?

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Танқиди созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Аммо, ба гуфтаи рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов, мақомоти Тоҷикистон нодида гирифтани онро авло медонанд.

“Канораҷӯии Русия - ҳомии аслии Тоҷикисон - аз Ғарб ва арзишҳои демократӣ боис ба он шуд, ки Душанбе бештар ба нақзи ҳуқуқ ва озодии инсон даст бизанад. Мо инро дар теъдоди рӯзноманигорон зиндонӣ ва чеҳраҳои дигар, ки ба ифротгароӣ муттаҳам шудаанд, мебинем”, - мегӯяд Мирсаидов.

Ба гуфтаи вай, ин раванд ҳамчунон идома хоҳад дошт, зеро Тоҷикистон аз пуштибонии Маскав ва Пекин бархурдор аст ва бо ҳеч гуна пайомад дучор намешавад.

Афшини Муқим
Афшини Муқим

Мақомоти Тоҷикистон дар заминаи баррасии саволҳои мубрам ҳамвора ба дипломатияи ором ишора мекунанд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, мегӯяд, ниҳоди онҳо ба ҳама нуктаҳои гузориши намояндаи вижаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод посухи муносиб доранд.

“Ин саволҳо ҳангоми дидори охирин бо гузоришгари вижа баррасӣ шуданд. Ҳоло мунтазири хулосаҳои Созмони Милал ҳастем”, - мегӯяд Афшини Муқим.

Мақомоти Тоҷикистон фишори худро ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон эътироф намекунанд ва онро ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ рабт медиҳанд.

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти Кумитаи рафъи табъизи нажодии СММ далели гузаронидани амалиёти махсусро дар ВМКБ ва боздошти фаъолони ин минтақа “робитаи наздики онҳо бо гуруҳҳои ифротӣ ва террористии фаъол дар Афғонистон ба монанди ДОИШ, “Ал-Қоида”, “Ансоруллоҳ” ва дигарон” гуфт. Далеле, ки ҳуқуқшиносон ва коршиносон ба он бовар намекунанд.

Душанбе танқидро нодида мегирад

Коршиноси байнулмилалӣ дар заминаи ҳуқуқи инсон, ки чандин сол дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, мансабдорони тоҷик пайомадҳои нодида гирифтани тавсияҳои созмонҳои байнулмилалиро дарк намекунанд.

“Асоси таҳримҳоро маҳз созмонҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ фароҳам ва чашми ҳукуматҳои кишварҳои гуногунро барои эъмоли таҳрим боз мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамаи тавсияҳое, ки ҳоло аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд, дар оянда барои ҳукумати Тоҷикистон пайомадҳои ҷиддиеро ба бор хоҳанд овард,” – мегӯяд коршинос.

Дар гузориши гуруҳи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, ки дар оғози моҳи май нашр шуд, гуфта шудааст, ки мудофеони ҳуқуқи инсони ин созмон талош доранд, роҳбарияти Тоҷикистонро барои ҷиноят алайҳи башарият ба ҷавобгарӣ бикашанд.

“Аз онҷо, ки буҳрон дар заминаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон идома дошт, Гуруҳи Ҳелсинкии Норвегия муштарак бо созмони “Озодӣ барои АвруОсиё” пешниҳод карданд, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. “Дар соли 2022 мустанад кардани нақзи шадид ва пайвастаи ҳуқуқи инсонро, аз ҷумла аз рӯи меъёри ҷиноят алайҳи башарият давом додем,” - гуфта мешавад дар гузориш.

Муаллифони санад таъкид мекунанд, ки ҳуҷҷат кардани нақзи ҳуқуқи инсон барои таҳияи парванда алайҳи Тоҷикистон асос мешавад.

Ҷомеашинос Қодир Худоёр мегӯяд, ҳукумат дар вазъияти ҳозира наметавонад ба ислоҳоти сиёсӣ даст бизанад. Аз ин рӯ, тавсияҳо дар заминаи ҳуқуқи инсонро нодида мегирад.

“Аввалан, ислоҳи сиёсати дохилӣ дар авлавияти ҳукумати феълӣ нест. Ҳамаи нерӯ дар ҷиҳати интиқоли қудрати мусолиматомез аст. Аммо, дар сурати аз назари назариявӣ ҳукумат як навъ ислоҳоти либеролӣ сар кунад, ҳама чиз ба осонӣ ба мисли бозсозии горбачевӣ аз контрол хориҷ мешавад. Аз ин рӯ, ҳукумат то андозае асири сиёсати дохилии худ аст”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG