Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъйини ӯ ба мансабҳои гуногун ба хотири падараш аст"


Ойиша Қодирова
Ойиша Қодирова

Ойиша Қодироваи 24-сола, духтари калонии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, дар моҳи декабри имсол узви чанд шӯро ва кумисюнҳои давлатӣ шуд. Аз он пеш, моҳи октябр, бар иловаи вазири фарҳанг буданаш муовини нахуствазир таъйин гардид.

Бар асоси ҳуҷҷатҳо, номи Ойиша Қодирова тайи чанд ҳафтаи охир ҳамчун узви Шӯрои кор бо шахсони маъюб ва Шӯрои ҳамоҳангсози татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Чеченистон зикр шудааст.

Ба ҷуз ин, аз 13-уми декабр раёсати Шӯрои татбиқи сиёсати ҳукумат дар умури оила ва аз 18-уми декабр раёсати Кумисюни арзёбии кори мақомоти иҷроияро бар уҳда дорад. Моҳи сентябри имсол дар Чеченистон барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи занон кумисюнеро созмон доданд. Ойиша Қодирова дар онҷо ҳам курсӣ ёфт. Ягона зан дар ҳайати кормандони ин сохтор шуд.

"Муҳим нест, ки мутахассис ҳастанд ё не..."

Рустам Кутаев, роҳбари "Ассамблеяи халқҳои Қафқоз", мегӯяд, таъйини Ойиша Қодирова ба мансабҳои гуногун, на барои тавоноиҳои ӯ дар бахши идоракунӣ, балки ба хотири падараш, Рамазон Қодиров, аст.

"Дар 24-солагӣ, ба гумон аст, ки ягон тағйироти муҳим бикунад. Кори асосии ӯро муовинон ва ёваронаш анҷом медиҳанд, ки дар иҷрои тарҳҳои давлатӣ таҷриба доранд. Худи Қодирова бо иштирокаш дар чунин кумисюн ва шӯроҳо бояд бинад, ки дигарон чӣ кор мекунанд ва чӣ гуна суҳбат мекунанд," -- афзуд ӯ.

Ҳуқуқдон Григорий Машанов мегӯяд, шӯроҳои ҳукуматӣ дар Чеченистон ниҳодҳои машваратӣ ҳастанд ва одатан ҳеч тасмими ҷиддӣ намегиранд. Вазифаи онҳо, ба гуфтаи Машанов, танҳо ҳамоҳангсозии кори чанд идора асту бас.

"Барои ҳамин, ҳар кас метавонад ба ин шӯроҳо дарояд, ба ғайр аз онҳое, ки ҳамчун агенти хориҷӣ шинохта шудаанд ё шаҳрванди хориҷӣ ҳастанд. Суоли асосӣ таъйини Ойиша Қодирова ҳамчун муовини сарвазири Чеченистон аст, ки дар назди роҳбари давлат гузоришдиҳанда аст. Яъне, дар ин ҳол Ойиша бояд дар назди падараш ҳисобот диҳад. Ин ошкоро бархӯрди манфиатҳо аст, ки набояд бошад," -- шарҳ дод ҳуқуқдон.

Ҷамбулат Сулаймонов, мудири созмони "Единая сила", ки қароргоҳаш дар Аврупост, мегӯяд, Ойиша Қодирова аз тиҷорат ба кори давлатӣ омад. Вай то ҳол муассиси хонаи мӯди чечении “Firdaws” мебошад.

"Аз ҳамин лоиҳа мебинем, ки ин духтар мудири муваффақ нест. Танҳо Рамазон Қодиров мехоҳад, ки фарзандонашро дар идораҳои гуногун ҷой диҳад, то номи онҳо дар ин ҷумҳурӣ ва Маскав сари забонҳо бошад. Муҳим нест, ки мутахассис ҳастанд ё не, дигарон ба ҷойи онҳо кор мекунанд," -- мегӯяд Сулаймонов.

Бар асоси маълумот аз манобеи боз, Ойиша Қодирова солҳои 2017-2020 мудири хонаи мӯди “Firdaws” буд. Гузоришҳои молии ширкат ягона манбае аст, ки бар асоси он метавон дар бораи зарфияту тавоноиҳои духтари Рамазон Қодиров хулоса кард.

Ширкат дар солҳои 2019 ва 2021 бар зарар кор кардааст. Пас аз рафтани Ойиша Қодирова, даромади он аз зери 100 ҳазор рубл зарар то 47 миллион рубл фойида афзоиш ёфт. Бо вуҷуди онки Қодирова дигар роҳбар нест, муассиси хонаи мӯд мондааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз соли 2008 Рамазон Қодиров дар мусоҳиба бо маҷаллаи GQ гуфта буд, ки дар оилаи ӯ "занон ҳеч вақт кор накардаанд ва кор нахоҳанд кард, онҳо бояд ба таваллуди фарзанд машғул шаванд." Қодиров дар посух ба суол дар бораи карйераи духтараш гуфта буд, ки "ӯ набояд чунин чизеро бихоҳад."

Ҳар яке соҳиби мансаб

Одам Қодиров
Одам Қодиров

Сарфи назар аз маҳдудиятҳои қонунгузорӣ, Рамазон Қодиров аз соли 2022 ба ин тараф ба таври фаъол талош дорад, ки фарзандони худро ба мансабҳои баланду гуногун таъйин кунад. Ҳатто писари 15-солаи ӯ Одам Қодиров мансаб гирифта, ҳоло сардори муҳофизони падараш аст.

Фарзанди дигари Қодиров – Аҳмади 18-сола – муовини аввали вазири тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин ҷумҳурии зери итоати Русия таъйин шуд. Аҳмад Қодиров пештар ёвари падараш ва роҳбари намояндагии созмони "Ҳаракати аввалинҳо"-и Русия буд. Дар баҳори имсол ин наврасро дар Кремл президенти Русия Владимир Путин ба ҳузур пазируфт. Сиёсатшиносон онро ҳамчун ҳадяи тӯёна ба Аҳмад арзёбӣ карданд.

Ба ғайр аз ин, дар тирамоҳи имсол фарзандони роҳбари Чеченистон дар ҳайати Русия ба нишасти тағйири иқлим ба Дубай рафтанд. Дар ин маърака Аҳмад Қодиров ва хоҳараш Хадича Қодироваи 23-сола буданд. Ҳарчанд вазифаи ҳардуи онҳо ба масъалаи ҳифзи муҳити зист пайванде надорад.

Як сиёсатишиноси Русия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ба фарзандони роҳбари Чеченистон бар асоси афзалияташон мансаб дода мешаванд.

"Агар Одам танҳо дар блоки амниятӣ кор кунад, пас, Аҳмад барои мансаби федеролӣ омода мешавад. Сарпарасти ӯ дар Маскав Руслан Эделгериев, мушовири президенти Русия дар масъалаи тағйирёбии иқлим хоҳад буд. Ойиша Қодироваро ба мансабе дар арсаи иҷтимоӣ омода мекунанд, ки ба занон наздиктар ва барои зани мусалмон қобили қабул аст. Дар ин ҷо мушкиле пеш омада метавонад: то 24-солагӣ, ки аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия нав диплом мегиранд, ӯ аллакай дар ҳудуди Чеченистон ба авҷи карйераи худ расидааст. Баъди ин танҳо мансабҳо дар сатҳи федеролӣ мемонад," -- таъкид кард ин мусоҳиби Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG