Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар радабандии маҷозӣ ё онлайнии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол бо 1206,94 имтиёз ҳафт зина боло рафт ва дар ҷойгоҳи 99-ум қарор дорад.
Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1855,20 имтиёз дар байни 210 даста дар ҷойгоҳи аввал аст. Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1845,44 имтиёз дар ҷойгоҳи дуюм ва Англия бо 1800,05 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудаанд.
Аз байни мунтахабҳои кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (23-юм, 1553,35 имтиёз), Русия (37-ум, 1498,84 имтиёз) ва Узбекистон (68-ум, 1358,14 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (105-ум), Озарбойҷон (113-ум), Эстония (123-юм), Латвия (136-ум), Литва (138-ум), Туркманистон (141-ум) ва Молдова (155-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (68-ум), ва Қазоқистон (97-ум) ҷойгир шудааст.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 17-умро азони худ кардааст.
Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Австралия дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойгоҳи 106-ум (солҳои 2013 ва 2023) буд ва дар ҳамин ҳол 7 зина боло шуд (99-ум), натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Феҳристи навбатии FIFA 15-уми феврали соли 2024 нашр мешавад.
Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар иштирок дорад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат кард. Футболбозони тоҷик бозии аввалинро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13-уми январ бо дастаи Чин бо ҳисоби 0:0 анҷом дода. дар даври дуюм 17-уми январ аз дастаи мизбон– мунтахаби Қатар – бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22-юми январ тими миллии Лубнонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз (1 ғалаба, 1 мусовӣ, 1 бохт, таносуби тӯбҳо 2-2) дар гурӯҳи худ баъди мунтахаби Қатар мақоми дуюмро соҳиб шуд ва ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8 финал рӯзи якшанбеи 28-уми январ бо дастае, ки дар гурӯҳи “С” ҷойи дуюмро мегирад рақобат мекунад.
Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар плей-офф шаби 23-юми январ дар бозиҳои охирини гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Эрон - Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳонконг - Фаластин муайян мешавад. Ҳарду бозӣ соати 20:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон: "Бозӣ бо Лубнон барои мо финал аст"Ҷоми Осиё: Довари тоҷик сардовари бозии Ветнам-Индонезия мебошадҶоми Осиё: Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба ҚатарШегрт: Дар бозӣ бо Қатар барои имтиёзҳо талош мекунемМесси беҳтарин футболбози соли 2023 шудҶоми Осиё дар Қатар бо пирӯзии мизбонон оғоз ёфтПетар Шегрт: Мо дар бозиҳои Ҷоми Осиё муборизаи сахт мебаремМунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиро дар Ҷоми Осиё бо Чин анҷом медиҳад