Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Қатар


Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии дуюмашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба дастаи мунтахаби Қатар, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳисоби 0:1 бохт.

Бозии даври дуюм дар гурӯҳи “А” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Қатар 17-уми январ дар шаҳри Доҳа, дар варзишгоҳи Ал-Байт (Al Baut Stadium), дар ҳузури беш аз 57 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Голи ягонаро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ҳамлагари мунтахаби Қатар Акрам Афиф ба самар расонид.

Ин футболбози моҳир ба ҷаримагоҳи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ворид шуда, бо дарвозабон Рустам Ятимов як ба як баромад ва тӯбро ба нишон расонд. Дарвоқеъ, ин голи сеюми Афиф дар ин мусобиқот аст ва ӯ ҳоло беҳтарин нишонзани Ҷоми Осиё-2023 ба шумор меравад.

Дар ин бозӣ, ки хеле ҷолибу пуршиддат сурат гирифт, футболбозони тоҷик маҳорати хуб нишон дода, лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо муваффақ нашуданд.

Сардовари ин бозӣ довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Ҳироюки Кимураи 41-сола аз Ҷопон дар дақиқаи 81-уми дидор нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ҳамадонӣ Камоловро, ки бо по ба рӯйи рақибаш зад, аз майдон хориҷ кард. Камолов, ки корти сурх гирифт, дар бозии навбатӣ муқобили мунтахаби Лубнон иштирок намекунад.

Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “А”, ки 17-уми январ дар шаҳри Доҳа, дар варзишгоҳи Ал-Тумама (Al Thumama Stadium), байни дастаҳои мунтахаби Чин ва Лубнон доир гардид, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт баъди шикаст аз тими миллии Қатар ба оҷонсии сhampionat.asia гуфтааст, “мо барои он бохтем, ки имконияти худро истифода карда натавонистем. Кори мунтахаби Қатар омад кард, ки гол зад. Аммо ман фикр мекунам, ки сардовар пеш аз гол бояд бозиро таваққуф мекард. Ҳама диданд, ки чӣ ҳодиса рух дод. Вале ба гузашта салавот. Ман бояд бохтро қабул кунам. Мо ҳама чизро анҷом додем, то ки гол занем, аммо ин кори ҳамлагар аст. Ман бовар дорам, ки голи аввалинро мо дар бозии оянда хоҳем зад.”

Шегрт дар бораи интизориаш аз бозии даври охирин гуфтааст, “Лубнон дастаи хеле қавист. Мо бояд бо ҳамин рӯҳия бозӣ кунем. Мо барои ба даври баъди баромадан имконияти хуб дорем. Барои ин бояд Қатар дастаи Чинро мағлуб кунад. Бовар дорам, мо метавонем Лубнонро шикаст диҳем ва ба плей-офф бароем.”

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм мунтахаби Қатар бо роҳбарии сармураббӣ Маркес Лопес Бартоломеи 62-солаи испаниягӣ бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” пешсаф аст.

Қатариҳо новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ бо мунтахаби Чин дар ин гурӯҳ мақоми аввалро касб карда, пешакӣ соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуданд.

Дастаи Чин бо касби ду имтиёз дар зинаи дуюм аст. Тимҳои Тоҷикистону Лубнон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд. Ин се даста барои ба плей-офф баромадан талош мекунанд.

Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, бозии сеюмашро дар гурӯҳи “А” шоми душанбеи 22-юми январ бо мунтахаби Лубнон анҷом медиҳад.

Бозии дигари даври сеюм дар ин гурӯҳ байни дастаҳои Қатар ва Чин доир мегардад. Ҳарду бозӣ соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудааст.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

12-уми январ (ҷумъа)

Қатар - Лубнон - 3:0

Голҳо: Акрам Афиф, 45, 90+6, Алмоез Алӣ, 56.

Корти зард: Аҳмад Алаа, 86, Педро Мигел, 90 - Муҳаммад Хайдар, 51, Ҳасан Сурур, 80.

Сардовар - Алиризо Фағонӣ (Эрон).

Лусаил, Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium». 82 490 тамошобин.

13-уми январ (шанбе)

Чин – Тоҷикистон – 0:0

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров (Алиҷони Бӯризод, 89), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+6), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 89).

Корти зард: Ванг Чангюан, 28 - Чин, Парвизҷон Умарбоев, 74, Шаҳром Самиев, 90+4 – Тоҷикистон.

Сардовар: Муҳаммад Халид Ал-Хоиш (Арабистони Саудӣ).

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 4001 тамошобин.

Даври 2-юм

17-уми январ (чоршанбе)

Чин – Лубнон – 0:0

Доҳа, варзишгоҳи Al Thumama Stadium

Тоҷикистон - Қатар – 0:1

Гол: Акрам Афиф, 17 (0:1)

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 82), Алишер Шукуров (Алиҷони Айнӣ, 90+1), Парвизҷон Умарбоев (Шервонӣ Мабатшоев, 82), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 90+1), Ҳамадонӣ Камолов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 46).

Корти зард: Манучеҳр Сафаров, 35, Ваҳдат Ҳанонов, 81, Алиҷони Айнӣ, 90+10 – Тоҷикистон, Аҳмад Фазӣ, 45+1, Муҳаммад Ваад, 60, Педро Мигуэл, 90+11 – Қатар.

Корти сурх: Ҳамадонӣ Камолов, 81 (Тоҷикистон)

Сардовар: Ҳироюки Кимура (Ҷопон)

Доҳа, варзишгоҳи Al Baut Stadium, 57460 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

2

2

0

0

4-0

6

2

Чин

2

0

2

0

0-0

2

3

Тоҷикистон

2

0

1

1

0-1

1

4

Лубнон

2

0

1

1

0-3

1

Даври 3-юм

22-юми январ (душанбе)

Тоҷикистон - Лубнон, Доҳа, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 20:00 (бо вақти Душанбе)

Қатар - Чин, Доҳа, варзишгоҳи байнулмилалии Халифа, 20:00 (бо вақти Душанбе)

XS
SM
MD
LG