Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петар Шегрт: Мо дар бозиҳои Ҷоми Осиё муборизаи сахт мебарем


Cармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт. Акс аз fft.tj
Cармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт. Акс аз fft.tj

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар қисминиҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврал дар Қатар доир мегардад, аввалин бозиашро бо мунтахаби Чин баргузор мекунад.

Бозии даври аввал дар гурӯҳи «А» миёни тимҳои миллии Чину Тоҷикистон рӯзи шанбеи 13-уми январ дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифаишаҳри Доҳа соати 17:30 бо вақти маҳаллӣ (соати19:30 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар арафаи ин бозӣ, 12-уми январ, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар як нишасти матбутӣ гуфт, “гурӯҳи мо қавист. Қатар, Чин ва Лубнон дастаҳои хубанд. Бозии аввал ҳамеша ҳаяҷоновар аст. Чини бузург бо як кишвари хурде,мисли Тоҷикистон, бозӣ мекунад. Мо муборизаи сахт мебарем, дар ҳар як рақобат тамоми нерӯихудро сарф мекунем ва кӯшиш менамоем, ки дар Қатар то ҳадди имкон зиёдтар бимонем.”

Ба гуфтаи оқои Шегрт, нимҳимоятгари марказиитими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев ба далели осеб дидан дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 иштирок намекунад.

“Ӯ дар бозии санҷишӣ бо тими миллии Ҳонгконг, ки 4-уми январ дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, аз пояш ҷароҳатбардошт ва табобати вай чанд ҳафта тӯл мекашад.Ин барои дастаи мо талафоти калон аст”, - иброз дошт сармураббӣ.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок менамояд.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ба ғайр аз Чин бодастаҳои Қатар (17-уми январ) ва Лубнон (22-юми январ) бозӣ мекунад.

ҲАЙАТИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН: АЗ 19 ТО 31-СОЛА

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё дар Қатар 25 футболбоз - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – шомиланд.

Бозигари аз ҳама ҷавони даста нимҳимоятгар Алиҷони Буризод (Айнӣ) 19-сола мебошад. Бозигари аз ҳама бузургсол ҳимоятгар АҳтамНазаров, капитан ё сарвони даста, 31-сола аст, дигарон аз 20 то 30-солаанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Сармураббӣ – Петар Шегрт

ДАСТОВАРДҲОИ ЧИН ДАР ҶОМИ ОСИЁ

Мунтахаби Чин дар Ҷоми Осиё ду бор (солҳои 1984 ва 2004) барандаи медалҳои нуқра ва ду маротиба (солҳои 1976 ва 1992) барандаинишонҳои биринҷӣ шудааст.

Сармураббии тими миллии Чин аз соли 2022 Александар Янкович, мутахассиси 51-солаи сербиягӣ, мебошад.

Аз бозигароне, ки ба ҳайати тими миллии Чин шомиланд, чаҳор нафарашон ҷавонтар - 26-солава чаҳор нафар бузургсолтар – 34-сола мебошанд, дигарон аз 27 то 33-сола ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Чин дар ҷойгоҳи 79-ум ва Тоҷикистон 27 зина поинтар, дар зинаи 106-ум, қарор доранд.

ҲАЙАТИ ДОВАРОНИ БОЗИИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати довароне, ки дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон кор мекунад, маълум шуд.

Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 37-солаи FIFA Муҳаммад Халид Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба зимма дорад.

Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари FIFA Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон кӯмак мекунанд.

Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Назмӣ Бин Насруддин аз Малайзия мебошад.

Видеодоварон (VAR) доварони FIFA Холид СолеҳАл-Турайс аз Арабистони Саудӣ ва АбдуллоҶамолӣ аз Кувайт ҳастанд.

ИШТИРОКИ 24 ДАСТА ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023

24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Узбекистон, Сурия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

ҶОИЗАҲОИ МОЛИИ ҶОМИ ОСИЁ ДАР ҚАТАР

Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё дар Қатар 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дастаи ғолиб соҳиби 5 миллион доллар мешавад. Дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоӣ 3 миллион доллар, иштирокунандагони давриниманиҳоӣ 1 миллион доллар мегиранд.

Инчунин ба ҳар як дастаи иштирокдори ҶомиОсиё 200 ҳазор доллар супурда мешавад.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин – Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст

XS
SM
MD
LG