Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё дар Қатар бо пирӯзии мизбонон оғоз ёфт


Алмоез Алӣ аз голи задааш шодӣ мекунад
Алмоез Алӣ аз голи задааш шодӣ мекунад

Мусобиқоти қарамонии Осиё, ки 12-уми январ дар Қатар оғоз ёфт, бо иштироки 24 дастаи мунтахаби миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, то рӯзи 10-уми феврал идома хоҳад кард.

Бозиҳо дар 8 варзишгоҳ, аз он ҷумла 6 майдоне, ки дар онҳо қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 баргузор шуд, доир мегарданд.

Рӯзи ҷумъаи 12-уми январ баъди маросими ботантанаи ифтитоҳи қаҳрамонии Осиё дар Қатар нахустин бозӣ миёни дастаи мизбон ва тими миллии Лубнон барпо гардид.

Ин бозӣ, ки дар шаҳри Лусаил, дар Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium» дар ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошогар доир шуд, бо пирӯзии қаҳрамони феълии Осиё – Қатар - бо ҳисоби бузурги 3:0 ба поён расид.

Ду голро Акрам Афиф ва яктоашро Алмоез Алӣ заданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Қатар бо касби се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А”пешсаф шуд.

АВВАЛИН БОЗИИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО ЧИН

Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, аввалин бозиашро дар гурӯҳи “А” шоми шанбеи 13-уми январ бо мунтахаби Чин анҷом медиҳад.

Бозӣ дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифи шаҳри Доҳа соати 17:30 бо вақти маҳаллӣ (соати19:30 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Вазифаи сардовари бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон довари 37-солаи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Муҳаммад Халид Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба зимма дорад.

Зимнан, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок менамояд.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ба ғайр аз Чин бо дастаҳои Қатар (17-уми январ) ва Лубнон (22-юми январ) бозӣ хоҳад кард.

НАЗАРИ КОРШИНОСИ СОҲА

Коршиноси соҳа Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, 13-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз тими миллии Тоҷикистон дар даври гурӯҳии Ҷоми Осиё дар Қатар натиҷаҳои хубро интизор аст.

Ӯ гуфт: "Ба андешаи ман, бозии аввал бо мунтахаби Чин ҳалкунанда аст. Агар футбоолбозони мо ин бозиро бо натиҷаи мусбат анҷом диҳанд, минбаъд дар бозиҳо бо рӯҳияи баланд ба майдон омада, метавонанд комёб шаванд. Албатта, рақибонамон – тимҳои Қатар, Лубнон ва Чин қавианд, аммо дастаи мо метавонад ба онҳо муқобилияти сахт нишон диҳад. Ба андешаи ман, мунтахаби Тоҷикистон барои ба ҳаштякфинал баромадан имконияти хуб дорад”, - иброз дошт коршинос.

ИШТИРОКИ 24 ДАСТА ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023

24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Узбекистон, Сурия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

ҶОИЗАҲОИ МОЛИИ ҶОМИ ОСИЁ

Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё дар Қатар 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дастаи ғолиб соҳиби 5 миллион доллар мешавад. Дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоӣ 3 миллион доллар, иштирокунандагони даври ниманиҳоӣ 1 миллион доллар мегиранд.

Инчунин ба ҳар як дастаи иштирокдори Ҷоми Осиё 200 ҳазор доллар супурда мешавад.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

12-уми январ (ҷумъа)

Қатар - Лубнон - 3:0

Голҳо: Акрам Афиф, 45, 90+6, Алмоез Алӣ, 56.

Корти зард: Аҳмад Алаа, 86, Педро Мигел, 90 - Муҳаммад Хайдар, 51, Ҳасан Сурур, 80.

Сардовар - Алиризо Фағонӣ (Эрон).

Лусаил, Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium». 82 490 тамошогар.

13-уми январ (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30 бо вақти Душанбе

Чин – Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Гурӯҳи “В”

Австралия – Ҳиндустон

Узбекистон - Сурия

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG