Бозии гурӯҳи “D” миёни дастаҳои мунтахаби Ветнаму Индонезия рӯзи ҷумъаи 19-уми январ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи шаҳри Доҳа соати 17:30 бо вақти маҳаллӣ (19:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Дар бозии даври аввал дар ин гурӯҳ Ветнам аз Ҷопон бо ҳисоби 2:4 ва Индонезия аз Ироқ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буданд.
Ба Гулмуроди Саъдулло дар бозии Ветнаму Индонезия Андрей Сапенко ва Темур Гайнуллин (ҳарду аз Узбекистон) кӯмак мекунанд. Дар ин дидор Илгиз Танташеви узбекистонӣ ба ҳайси довари захиравӣ фаъолият менамояд.
Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Гулмуроди Саъдулло аз соли 2019 ба ҳайати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дохил аст.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ба ҳайати доварони мумтози AFC ворид шудан, чаҳор марҳилаи санҷиширо пушти сар кардааст.
"Марҳилаи аввал, ки аз баҳодиҳӣ ба дониши назариявӣ, донистани забони англисӣ ва омодагии физикӣ ё ҷисмонӣ иборат буд, моҳи октябри соли 2017 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур - доир гардид. Баъдан маро ба марҳилаи баъдӣ роҳ доданд. Ибтидои моҳи сентябри соли 2018 дар давраҳои бозомӯзии ҳакамон (AFC Elite Referees Selection Course) дар Малайзия ширкат варзида, аз имтиҳони фитнес-тест бомуваффақият гузаштам», - иброз дошт Гулмуроди Саъдулло.
Ӯ ҳамеша саргарми омӯзиши қоидаҳои нави футбол аст. Ба гуфтаи Гулмурод, барои довари муваффақ шудан бояд ҳамарӯза тавсияҳои FIFA ва АFС-ро пайгирӣ кунад.
Ба таъкиди ин довари мумтоз дар интихоби ҳакам дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ, масъулини АFC дар баробари маҳорати доварӣ, ба донистани забони англисӣ аҳамият медиҳанд. Ӯ ба ҷуз аз забони тоҷикӣ, забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад.
Гулмуроди Саъдулло ахиран сардовари бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои мунтахаби Умон ва Тайбейи Чин буд, ки 16-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Масқат баргузор шуд.
Гулмуроди 33-сола мақсад дорад, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол Тоҷикистону қораи Осиёро ба ҳайси довар намояндагӣ кунад.
Гуфтугӯ