Иттиҳоди Аврупо гуфт, 700 созмон дар Тоҷикистон баста шудааст. ВИДЕО

Нишасти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон

Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис аз баста шудани 700 созмони ҷамъиятӣ дар як соли ахир дар Тоҷикистон нигаронӣ кард.

Раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо зимни суханронӣ дар семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон гуфт, ки “соли гузашта 700 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон баста шудааст, ки ин ба нафъи демкоратисозии ҷомеа нест.”

Раймундас ҳамчунин гуфт, ки мо талошҳои худро барои тақвияти ҳамкориҳо миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат давом медиҳем ва ИА омода аст ин равандро бештар ҳимоят кунад ва таҷрибаи ҷаҳониро дар ихтиёри ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ бигузорад то ин ҳамкорӣ бештар рушд кунад.

Фирӯз Орзузода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки “тайи ду соли охир, дар ҳамкории зич бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, мо ба як зумра дастовардҳо дар ҷодаи таъмин ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар ноил гардидем.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё равобити ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлати Тоҷикистон заиф шудааст?

Ҳамчунин Аҳад Содиқов, сардори Шуъбаи ташкилию иттилоотӣ ва таҳлилии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро аз қишрҳои муҳими ҷомеа донист ва гуфт, ки иҷборан дар Тоҷикистон ҳеч созмони ҷамъиятӣ баста нашудааст.

“Баста шудани созмонҳои ҷамъиятӣ ҷанбаи ҳуқуқӣ надорад. Бештари онҳо бо сабаби набудани маблағ баста шудаанд. Онҳо асосан бар асоси лоиҳаҳо кор мекунанд ва агар лоиҳа тамом шуд, фаъолияти онҳо ба охир мерасад. Сабабҳои қатъи фаъолият ҳархела ҳастанд, аммо ба таври иҷборӣ дар Тоҷикистон ягон ташкилоти ҷамъиятӣ баста нашудааст,”--гуфт Аҳадов.

Дар ин нишаст бархе аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вуқуи бархе ҳодисаҳо дар Тоҷикистонро боиси канда шудани равобити мақомоти давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ медонанд, ки барқарор кардани он муддати тӯлонӣ ва сармояи зиёдро тақозо мекунад.

Аз ҷумла Нурмаҳмад Халилов, раиси Маркази ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, ки равобит миёни мақомоти давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баъзе давраҳо дар ҳолати шиддати сахт қарор мегирад.

“Бале ҳастанд чунин давраҳо, ки ҳодисаҳое рух медиҳанду паёмад дорад. Масалан, ҳодисаҳои ахири Хоруғ ва ба ин монанд. Якбора робитаҳо канда мешавад. Намедонем ба ин ҳолатҳо чӣ гуна муносибат кунем. Ба фикри ман, баръкс дар чунин ҳолатҳо ба ҳам омада ҳодисаи рухдодаро баррасӣ кунем, ки ба ин ҳодисаи пешомада чӣ кор кунем. Зеро муҳим аст, ки намояндагони мақомоти давлат дар ин ҳолатҳо фикри моро ҳам шунаванд,”-нигаронӣ кард Халилов.

Расул Асозода, сармутахассиси Раёсати сабти номи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон бар ин аст, ки миёни вазорати онҳо ва намояндаҳои ҷомеаи маданӣ муколамаи доимӣ дар масоили такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи қонун сурат мегирад.

Ӯ гуфт, “ҳар чаҳор сол Тоҷикистон дар мавриди ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар сохторҳои марбутаи СММ гузориш медиҳад. Баъди дарёфт кардани тавсияҳо ва ҷамъбасти сафари гузоришгарони вижаи СММ дар сатҳи миллӣ нақшаи чораандешиҳо таҳия мешавад ва ин нақшаҳо бо ҳузури густардаи ҷомеаи маданӣ баррасӣ мешаванд.”

Нишасти ИА дар Душанбе

Дар ҳамин ҳол Парвати Рамасвами, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишварро аз шарикони муҳими ин ниҳод хонд ва гуфт, СММ то соли 2036 тасмим дорад, бо онҳо бештар кор кунад.

Бархе ширкатдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки ҳамкории созмонҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти давлат дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Дар ин маврид ва ба омилҳои гуногун ишора мекунанд.

Дилрабо Самадова, роҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” яке аз далелҳои ҳамкории сусти мақомоти давлатӣ бо созмонҳои ҷамъиятиро ба шахси раҳбарони мақомоти давлатӣ марбут медонад.

“Роҳбароне ҳастанд, ки онҳо намефаҳманд, тарс доранд, ё бовар надоранд. Ин як миқдор вақтро мегирад, ки шинос шуда зарурати ҳамкориро фаҳмонед. Масалан, мо бо вазорати мудофиа ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон барои пешбурди ҳуқуқи хидматчиёни низомӣ ҳамкорӣ дорем. Лекин бисёри вақт мақомоти дигари давлатӣ, вақте маводи моро ё маводи танқидиии моро мехонанд, эрод мегиранду аз ҳамкорӣ бо мо даст мекашанд,”-мегӯяд Самадова.

Бархе дигар аз ширакатдорон бар инанд, ки баръакс нисбат ба 8-10 соли қабл дар ниҳодҳои давлатӣ дарки ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар шудааст. Ҳарчанд ба гуфтаашон, ин ҳамкорӣ чандон муассир ҳам набошад, вале вуҷуд дорад.

Шаҳло Акобирова, раиси созмони “Хома” бар ин аст, ки созмонҳои маданӣ ҳам бояд зарфияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатиро дошта бошанд, то ҷиддӣ гирифта шаванд.

“Бояд зарфияти ташкилоти ҷамъиятӣ дар сатҳе бошад, ки тавонад дар сатҳи нафароне, ки тасмимгирандаанд суҳбату масъалагузорӣ кунад. Ин ҷо масъалаи дарки мавзуъ аст. Мо, бояд имрӯз иқрор шавем, ки дар ҳақиқат сатҳи ҷомеаи шаҳрвандиамон на дар сатҳест, ки мо мехоҳем. Албатта дар ниҳодҳои давлатӣ ҳам нафароне ҳастанд, ки ба дарки ин масъала намераванд, ки чаро ман бояд ҳатман кадом як мавзуъро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ кунам”,- қиёс мекунад Шаҳло Акобирова.

Сафири ИА ҳамчунин дар ин нишаст таъкид кард, ки барои он ки ҳамкорӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат рушд ёбад, бояд фазои хуб фароҳам карда шавад ва ислоҳоти фарогир сурат бигирад.

Дар Тоҷикистон дар солҳои 2002-2023 беш аз 700 созмони ҷамъиятӣ барҳам хӯрдааст, ки ин нисбат ба омори умумии се соли пеш 2 баробар зиёд аст. Ин мавзуъ, ба вижа баъди ҳаводиси ВМКБ дар соли 2022 доғтар шуд. Омори расмӣ ҳам нишон медиҳад, ки баъди ин ҳаводис шумораи зиёди созмонҳои ҷамъиятӣ барҳам хӯрдаанд. Тобистони имсол дар нишасти матбуотии вазири адлия Музаффар Ашуриён гуфта буд, ки аксари ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо сабабҳои молиявӣ тариқи худбарҳамдиҳӣ фаъолияташонро қатъ мекунанд.

“Вақте маблағ ҷалб шуд, дар давоми соли муайян мақсад амалӣ ва маблағ пурра аз худ карда шуд, ташкилот барои худбарҳамдиҳӣ ба мақомот муроҷиат мекунанд. Мо онҳоро барҳам медиҳем. Сабаби асосии барҳамхурӣ ҳамин аст,” - гуфта буд Ашуриён.

Таҳлили омори Вазорати адлияи нишон додааст, шумораи барҳамдиҳии созмонҳо сол аз сол бештар шудааст. Дар давоми 4,5 соли ахир дар кишвар 715 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 1103 ташкилот барҳам дода шудааст. Соли 2022 ин нишондод ба сатҳи рекордӣ расидааст: қариб 500 созмони ҷамъиятӣ баста шуданд ва беш аз 100 адади он тариқи ҳалномаи додгоҳӣ фаъолияташон қатъ гардидааст.

Ҳоло бино ба маълумоти Вазорати адлия дар Тоҷикистон наздик 2 ҳазор ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон натиҷа додааст? ВИДЕО, АКСГузоришгари СММ дар умури ақаллиятҳо: "Дар Тоҷикистон пешравӣ ҳаст, вале хеле кам" ВИДЕОДипломати амрикоӣ аз рафтори ҳукумати Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард. ВИДЕОПанҷ созмони ҷамъиятиро дар Бадахшон барҳам додаандСММ: Тоҷикистон бо ҳабси журналистону фаъолон ӯҳдадориҳои байналмилалиро зери по кардааст"Корро бас кунед." Мушкили нави фаъолон дар Бадахшон. ВИДЕОГузоришгари СММ аз ҳукумат хост, ҳуқуқи динии мардумро эҳтиром кунад. ВИДЕОДар Тоҷикистон аз некиҳои Сорос гуфтанд, вале на ҳама. ВИДЕО