Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корро бас кунед." Мушкили нави фаъолон дар Бадахшон. ВИДЕО


Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳои иҷтимоии худро барҳам диҳанд.

Як масъули ҳукумати маҳаллӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, "танҳо фаъолияти созмонҳое бас шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд".

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи майи соли гузашта зери заррабини ҳукумат аст ва то кунун чанд намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ боздошту зиндонӣ шуданд.

"Муфлис эълон кунеду аз байн баред"

Намояндагони ҳадди ақал панҷ созмони иҷтимоӣ дар ВМКБ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти қудратӣ аз онҳо талаб доранд, бо "ихтиёри худ" ташкилотро муфлис эълон кунанду аз байн баранд. Мусоҳибони мо дар вилоят барои бадтар нашудани вазъашон нахостанд, номи онҳоро зикр кунем.

"Пас аз амалиёт дар Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ шумораи соҳибкорони хурду миёна якбора коҳиш ёфтаанд. Ҷойи кор қариб нест. Дар ташкилоти ҷамъиятӣ сокинони минтақа кор мекарданд ва бахши дигари мардум ба воситаи ин созмонҳо ёрӣ мегирифтанд. Имрӯз ин ташкилотро маҷбур карда истодаанд, ки гуё бо хоҳиши худ фаъолияташонро барҳам диҳанд," -- афзуд як ҳамсуҳбати мо дар Хоруғ.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯянд, фишори мақомот болои созмонҳо наздик ба ду моҳ пеш шуруъ шуд.

Мушкили нави ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Назари намояндаи ҳукумат

Ғолиб Ниятбекзода, сухангӯйи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "хабар нодуруст аст”. Ба қавли Ниятбекзода, ташкилоти ғайридавлатиеро, ки дар воқеаҳои соли гузашта бо гуруҳҳои, ба гуфтааш, ҷиноӣ ҳамкорӣ доштанд, барҳам доданд, “чун пояи ҳуқуқӣ надоштанд ва ҳуҷҷатгузориашон дуруст набуд."

Сухангӯйи раиси вилоят афзуд, дигар ташкилоти ғайридавлатӣ ба корашон идома медиҳанд, "касе фишор намеорад".

Мақомот нагуфтанд, ки феълан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ қадар созмонҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Манобеи Радиои Озодӣ дар вилоят гуфтанд, аксар созмонҳои иҷтимоӣ корашонро бас кардаанд ё дар остонаи барҳамхӯрӣ ҳастанд.

“Номус ва инсоф” барҳам хӯрд

Фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ як соли охир шиддат гирифт. Соли гузашта ба дунболи эътирози сокинон Манучеҳр Холиқназаров, раиси “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” боздошт ва ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш иттиҳомҳоро напазируфтааст. Баъд аз зиндонӣ шудани Холиқназаров, фаъолияти созмонаш ҳам бас шуд.

Созмони иҷтимоии “Номус ва инсоф” баъд аз боздошти муассисаш Улфатхоним Мамадшоева барҳам хӯрд.

Намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯянд, мақомот баъд аз як соли эътирозҳо аз онҳо ҳам талаб доранд, ки корашонро ихтиёрӣ қатъ кунанд.

Дар охири моҳи апрели имсол дар ҷаласаи Кумитаи маҳви табъиз дар Созмони Милал, дар вақти баррасии гузориши Тоҷикистон масъалаи фишор ба ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон баррасӣ шуд. Шайх ал-Миснод, як узви Кумитаи маҳви табъизи Созмони Милал, аз он нигаронӣ кард, ки баъди эътирозҳо дар моҳи ноябри соли 2021 фишор ба ташкилоти ғайридавлатӣ дар Бадахшон афзудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG