Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ аз ҳукумат хост, ҳуқуқи динии мардумро эҳтиром кунад. ВИДЕО


Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ
Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ

Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод аз Тоҷикистон хост, то бархӯрдаш бо дину диндоронро тағйир диҳад.

Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ, ки рӯзи 20-уми апрел дар нишасти хабарие дар Душанбе суҳбат мекард, аз риоят нашудани озодиҳои динӣ ва маҳдудиятҳо дар иҷрои расму оини мазҳабӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ барои арзёбии вазъи риояи ҳуқуқи гурӯҳҳои ақаллиятҳои диниву мазҳабӣ, баробарии зану мард ва ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон ҳузур дорад, гуфт, аз мақомоти ин кишвар даъват кардааст, ки гузаштаро пушти сар гузоранд ва аз озодии дин ва эътиқод ҳимоят кунанд.

“Ман аз мақомот даъват мекунам, ки берун аз нигаронии худ дар бораи экстремизм, терроризм ва барангехтани адоват нигоҳ кунанд ва тасаввуроти худро дар саҳми мусбати дин ва эътиқод дар ҳаёти ҳамоҳанг ва пурғановати ҷамъиятӣ боз намоянд. Дин ё эътиқод ба танҳоӣ омили ҷиддии хатарро барои ҳаёти иҷтимоӣ эҷод намекунанд: онҳо метавонанд ба таври фаъол дар рушд, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намоянд,”-- гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

СММ аз ҳукумат хост, ҳуқуқи динии мардумро эҳтиром кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ ва бо баҳонаи ифротгароӣ саркӯб кардани дигарандешону эътиқодмандон танқид мекунанд.

Гузоришгари СММ гуфт, ки аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, ба дин на ҳамчун як омили хатарзо нигоҳ кунанд. Ӯ гуфт, “эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои динӣ ва эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархурдор шаванд.”

Гузоришгари вижаи СММ дар умури дин ва эътиқод зимни сафараш ба Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар кардааст. Ӯ ҳамчунин, бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вакилони порлумон, додситонҳо, масъулини Додгоҳи олӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ҷомеаҳои диниву мазҳабӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон мулоқот кардааст. Гуфта шуд, ки ӯ аз зиндоне боздид кардааст, ки дар он маҳбусони сиёсӣ ва динӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Гузоришгари вижа таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон эътироф намекунанд, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ ё эътиқодӣ вуҷуд доранд.

"Мо ба зиндоне, ки дар шаҳри Ваҳдат аст, рафтем. Онҷо барои 1500 нафар 13 масҷид дорад. Ба маҳбасон мамнуъ буд, ки ба дигар ҷой рафта ибодат кунанд, яъне онҳо танҳо бояд дар масҷид ибодат кунанд. Агар онҳо дар ҷои дигар ибодат кунанд ба муддати аз 10 то 15 рӯз ҷазо мегиранд,"--гуфт, ӯ.

Гузоришгари Созмони Милал соли 2024 аз ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон ба Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш дода ва арзёбиҳои худро ба он мерасонад, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон ба ҳуқуқи динии мардум эҳтиром мегузорад ва ё онро зери по мекунад.

Созмонҳои байналмилалӣ пайваста Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи сокинон ва саркӯби дигарандешону рӯҳониён танқид мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, зидди ҷинояткорӣ ва тундгароӣ мубориза мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG