Таълими роҳҳои пешгирӣ аз хушунати ҷинсӣ дар зиндонҳо, арзёбии ҷараёни ислоҳот дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии маҳкумшудаҳо аз мавзӯъҳои аслии суҳбати Радиои Озодӣ бо Азамат Шамбилов, мушовири мустақили байналмилалӣ оид ба ислоҳоти зиндонҳо буд, ки аз Тоҷикистон дидан кард.
Моҳи октябр дар Душанбе дар доираи барномаҳои САҲА аввалин давраи омӯзишии кормандони зиндонҳои Тоҷикистон дар мавзӯи пешгирӣ аз хушунати ҷинсӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ баргузор гардид. Азамат Шамбилов инчунин аз чор муассисаи ислоҳии Тоҷикистон дидан кард ва ба гуфтааш, ҷараёни татбиқи ислоҳоти панҷ сол пеш дар ин низом шурӯъшударо мавриди санҷиш қарор дод.
Ислоҳот дар низоми маҳбасҳои Тоҷикистон тирамоҳи соли 2018 баъди ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуд. Мақомот ҷузъиёти ҷараёни ислоҳоти зиндонҳоро дар давоми ин солҳо иттилоъ намедиҳанд ва хабарнигорон ҳамоно ба дохили маҳбасҳо ҳаққи ворид шудан надоранд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Коршиноси байналмилалӣ, ки шароити зисту нигаҳдории маҳбусонро бо панҷ соли пеш муқоиса мекунад, бовар дорад, ки вазъ рӯ ба беҳбуд овардааст, ҳарчанд иқрор мешавад, ки ҳанӯз аз назари тағйирот дар вазъи куллии низоми зиндонҳо бояд кори зиёде анҷом дод.
Чӣ корҳо анҷом шудаанд?
Азамат Шамбилов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми ноябр гуфт, дар масъалаи азхудкунии касбу ихтисосҳо ва ҳам дастрасии созмонҳои ҷамъиятӣ ба дохили зиндонҳо "як пешрафте" ба назар мерасад. Ба иттилои ӯ, беш аз даҳ созмони маҳаллии ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ба дохили зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ доранд. Ӯ гуфт: "Созмонҳои мисли "Ташаббуси ҳуқуқӣ", Маркази ҳуқуқи инсон, Бюро оид ба ҳуқуқи инсон, DVV International - ин созмонҳо барои маҳкумшудаҳо барномаҳои иҷтимоӣ фароҳам мекунанд, ки таъмини зиндониҳоро бо ҷомеашиносон, равоншиносон, инчунин омӯзгорон дар назар мегирад, то ки маҳкумшудаҳо ба озодӣ баромада аз паи кор, на дуздиву куштор шаванд."
Шамбилов гуфт, ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки 23-юми октябри имсол дар ҷараёни Ҳамоиши дуюм оид ба ислоҳоти зиндонҳо дар ин кишвар садо дод тахминан як ҳазор маҳбусон бо кор таъмин шуда, дар давоми панҷ соли ахир 97 миллион сомонӣ (беш аз 8,8 миллион доллари ИМА) ба ҷабрдидаҳои ҷиноят аз ҳисоби кори онҳо дар зиндон пардохт шудааст. Барои зиндониҳо ҳисоб ва кортҳои бонкӣ дода шудааст.
Аксҳоро инҷо бинед:
Санҷидани дурустии ин иттилоъ тавассути манбаъҳои мустақил имкон надорад, вале масъулони сарраёсати зиндонҳо дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки ба маҳбусон кори компютеру барномасозӣ бидуни пайвастшавӣ ба интернет, таъмири васоили техникӣ, дӯзандагиро ёд медиҳанд ва дар поёни давраи таҳсил шаҳодатномаи муассисаи таълимӣ дода мешавад.
Шамбилов мегӯяд, дар маконҳои маишии будубоши маҳбусон, мисли чойхона, ҳаммом ва ташнобу дигар ҷойҳо корҳои таъмир барпо шудааст.
"Чӣ корҳо анҷом шудаанд? Дар дохилу атрофи зиндонҳо дурбинҳои назоратии навъи CCTV насб шудаанд, то ки амният дар макони зисти аҳолии мулкӣ ҳам таъмин шавад. Зиндон дар ҷазираи беодам нест ва ба хонаву мактаб наздик аст. Деворҳоро мутобиқи талаботи байналмилалӣ бетонӣ ва баландиашонро аз 2-3 метр то 5-6 метр баландтар карданд. Ин на фақат ба хотири пешгирӣ аз партофта шудани маводи манъшудаи мисли нашъа, балки пешгирии фирори маҳбусон ҳам зарур аст. Дар ин муддат зиндони Ваҳдат ба истифода дода шуд, ки онро мешавад монанд ба як зиндони мутобиқ ба меъёрҳо номид. Дар ин зиндон биноҳои адои ҷазои маҳбусон ҷудо карда шудаанд, нозири калони зиндон утоқи назорат аз зиндонро дорад ва дар утоқҳои маҳбусон кондисионер гузошта шудааст. Дар шароити Тоҷикистон ин, ба фикри ман, муҳим аст,”--гуфт ӯ.
Ба саволи ин ки оё дар зиндони Ваҳдат дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ бетанаффус таъмин шудааст ё на, чун дар ин бора ба унвонии Радиои Озодӣ шикоятҳое дастрас шудааст, Шамбилов посухи мусбат дод. Ӯ гуфт, дар ҷараёни ошноиаш бо шароити зисти маҳбусон об, хӯрок ва нони онҳоро чашиду аз ҷои хобу ошхонаашон дидан кард. Ӯ гуфт, маҳбусон имкони тамошои телевизион, шунидани радио, хондани рӯзномаҳои маҳаллӣ ва ҳам намозгузориро доранд. Ӯ гуфт, намозхониро дар зиндон чун чораи пешгирӣ аз ифротишавӣ иҷоза додаанд. Дар ҳар як сохтмони зиндони Ваҳдат, ба гуфтаи ӯ, китобхонаву ошхона амал мекунад.
Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтааш, дар доираи стратегияи ислоҳоти зиндонҳои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030, кор барои беҳтар шудани шароит ҳанӯз зиёд аст. Шамбилов гуфт: “Бешубҳа, дар ҳама кишварҳои ҷаҳон масъалаи асосии зиндонҳо - камбуди маблағ мебошад. Ин мушкили доимӣ аст, чунки маблағе, ки ба ин низом дода мешавад, баъди пардохти ҳама хароҷоти дигари буҷа ҷудо мешавад. Масъалаи дуюми ин низом дар Тоҷикистон дар камбуди мутахассисони соҳа аст. Дар кишвар як муассисаи вижаи тарбияи кормандони зиндонҳо вуҷуд надорад. Бар асоси як созишнома бо Қазоқистон, Тоҷикистон мутахассисонашро дар Академияи Кустанай омода мекунад, вақти он расид, ки академияи худро боз кунад."
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки аз вазъи Тоҷикистон мушоҳида мекунанд, мақомотро барои мурофиаҳои ноодилона, вуҷуди мушкилоти мисли фасод ва поймолшавии ҳуқуқ, азияту озор ва ҳам шиканҷа дар муассисаҳои баста танқид мекунанд.
"Шояд дар оянда мо бо ВКД дар масъалаи ислоҳот дар низоми полис ҳамкорӣ барпо кунем, то бархе меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ шаванд, кори ходимони полис дар ҷараёни тафтишоту бозпурсиҳо тақвият ёбад. Ин ҳамон соҳае мебошад, ки бархе шаҳрвандон дар бораи вуҷуди қонуншиканӣ ва муносибати бераҳмонаи полис шикоят мекунанд,"--гуфт ӯ.
Дар 19 муассисаи ислоҳии Тоҷикистон то моҳи июни соли 2023 дар маҷмӯъ 9860 маҳкумшуда нигаҳдорӣ мешуд. Аз инҳо 370 нафарашон дар маҳбаси занона ва 71 нафарашон дар зиндон барои ноболиғон адои ҷазои мекунанд.
Гуфтугӯ