Зиндагии зери назорат
Вазорати корҳои дохилии Русия дар арсаи муҳоҷирати корӣ меъёрҳои нав пешниҳод мекунад – низоми зиндагии таҳти назорат. Дар ин маврид пойгоҳҳои хабарии Русия рӯзи 28-уми ноябр гузориш доданд. Ин меъёрҳои тоза нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои иқомат дар Русия асос надоранд ё ҳангоми даромадан ба ин кишвар маълумоти нодуруст медиҳанд, пешниҳод шудааст.
Дар сурати қабули қонун, шахсоне, ки дар қаламрави Русия бидуни асос қарор доранд, аз ҳаққи сабти давлатӣ, соҳибкории инфиродӣ, гирифтани амволи манқул ва ғайриманқул, кушодани ҳисоби бонкӣ, сабти издивоҷ, интиқоли пул, рондани мошин ва ғайра маҳрум мешаванд.
Корзори густурда?
Пешнависи қонун танҳо бахше аз корзорест, ки аз баҳори имсол дар Русия рӯйи даст гирифта шуд. Аз он замон ба ин сӯ, муҳоҷирон дар масҷидҳо, бошгоҳҳои варзишӣ, сохтмонҳо ва мавзеъҳои таҷаммӯи одамон мавриди боздошт қарор мегиранд. Иқдоми зидди муҳоҷирон бо корзори густурдаи иттилоотӣ ҳамроҳ аст, ки сиёсатмадорони сатҳи гуногун, шахсиятҳои матраҳ ва варзишгаронро дар бар мегирад.
Чанд намуна:
Минбарҳои иттилоотӣ
Дар пеш бурдани корзори зидди муҳоҷират пойгоҳҳои хабарии миллигаро ба монанди "Царьград" иштироки фаъол доранд. Дар торнамои он бештар аз сад матлаби зидди муҳоҷирон нашр шудааст. Инчунин, саҳифаи "Многонационал" дар Телеграм навиштаҳои рости ифротиро ба таври фаъол нашр мекунад. Ҷолиб ин аст, ки матлабҳои бегонаситезона ҳамроҳи наворҳое пахш мешаванд, ки шаҳрвандони одӣ ба гумони ғолиб ба онҳо дастрасӣ надоранд.
Ҷунбиши ба номи "Ҷомеаи Русия" дар мавҷи зидди муҳоҷирон саҳми махсус дорад, ки худро ба унвони нигаҳбони суннатҳои Русия муаррифӣ мекунад. Аммо, дар амал дар вақти ҳамлаҳои пулиси Русия ба муҳоҷирон пайдо мешавад. Намояндагони ин ҷунбиш дар пайдо, боздошт ва таҳрим кардани фурӯшгоҳҳои онҳо низ кумак мекунад.
Ангезаи фишор чист?
Ренат Каримов, раиси Иттиҳодияи муҳоҷирон корӣ, таъкид мекунад, ки ин раванди зидди муҳоҷирон дар пасманзари ҷанги Украина ва хости шаҳрвандони Русия ҷараён дорад. "Мехоҳанд, ки муҳоҷирони соҳиби шиносномаи Русия дар масъалаи ҷанги Украина бо онҳо ҳамназар бошанд. Аз ин рӯ, сиёсатмадорон, роҳбарони аҳзоб ва шахсони дигари матраҳ таҳти фишори афкори иҷтимоӣ ҳар аз гоҳе даст ба чунин ибтикорҳо мезананд ва ба ин назаранд, ки ин вазъияти арсаи муҳоҷиратро беҳбуд мебахшад," - мегӯяд Каримов.
Мақомоти қудратии Русия чунин корзорро чораи пешгирӣ меноманд. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом дар пасманзари афзоиш ёфтани ҷиноят дар байни муҳоҷирон роҳандозӣ мешавад. Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар нимсолаи аввали 2023 шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 22,4 ҳазор ҷиноят кардаанд, ки 6,3 дарсад аз соли гузашта бештар аст. Аммо дар айни ҳол, ҷинояти муҳоҷирони кишварҳои ИДМ камтар аз 2 дарсад (983,7 ҳазор ҷиноят) аз кулли ҷинояти анҷомшуда дар Русияро ташкил медиҳад.
Карим Алиев, коршиноси умури муҳоҷират мегӯяд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия дар пасманзари коҳиш додани низомиёни худ дар Украина дар миёни муҳоҷирон фазои тарсро эҷод мекунанд. "Ин навъе пешгирӣ аз рухдодҳои эҳтимолии манфӣ барои мақомоти қудратӣ ва ҳукумат мебошад," - мегӯяд Алиев.
Оё ин ҳама корзор ба қонун табдил хоҳал шуд?
Ба гуфтаи таърихдон ва коршиноси муҳоҷират Сергей Абашин на ҳамаи гуфтаҳои зидди муҳоҷирон ба қонун бадал мешавад, балки барои эҷоди фазои муҳоҷирситезӣ гуфта мешаванд.
"Қаблан ҳам чунин мавзеъгириҳо дар байни нухбагони сиёсӣ вуҷуд доштанд, аммо тавассути бахши иқтисодӣ ҷуброн мешуданд, зеро иқтисод ба ҷалби муҳоҷирон алоқаманд аст. Ғайр аз ин, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони либерал низ, ки хоҳони танзими муҳоҷиратанд, аз тасвиби чунин қонунҳо пешгирӣ карданд. Аммо, дар тӯли солҳои охир дар Русия идеологияи муҳофизакорона қувват гирифтаанд ва қишри либерал амалан аз ҳавзаҳои тасмимгирӣ канор зада шуд. Таъсиргузории соҳибкорон низ коҳиш ёфтааст. Ҳоло мебинем, ки дар арсаи сиёсӣ афроде бо дидгоҳҳои муҳофизакорона ва миллигароёна дасти боло доранд. Онҳо ба ҳавзаи қонунгузорӣ дастрасии бештаре доранд," -- мегӯяд Абашин.
Ӯ дар мавриди ин ки оё воқеан маҳдудиятҳои арсаи муҳоҷирати Русия вориди қонунгузорӣ мешаванд, чизе гуфтан наметавонад. Бино бар он ки иқтисоди Русия ба қувваи корӣ ниёз дорад, ниёз ба ҳифзи робита бо кишварҳои содиркунандаи нерӯи кор ва ҳамчунин алоқамандӣ ба ҷалби онҳо ба арсаи низомӣ низ вуҷуд дорад.