Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чашми моро бастанд, заданд, дар варақҳо имзо мондем" ВИДЕО


"Қапида бурданд, ду рӯз ягон хел саволу ҷавоб нашуд. Бо чашмони баста дар як хонаи хунук истодем. На хӯрок медоданд, на гап мезаданд. Интизор шудем. Дар охир аз ман дар бораи Сангинмурод Мусофиров пурсиданд. Гуфтам, бачаи коргар аст, дар сохтмон кор мекунад.” Ховар, ҷавони тоҷик, лаҳзаи боздошт шуданашро дар вилояти Екатеринбурги Русия чунин ба ёд овард.

Ду сол пеш ӯ ва 14 ҳамроҳашро, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, дар ҷараёни амалиёте дастгир карданд. Баъди се моҳ Ховар ва нуҳ муҳоҷирро ба Тоҷикистон ронданд. Ба зидди 5 нафари дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд.

Хадамоти федероли амниятии Русия

  • Абубакр Сангчаров,
  • Сангинмурод Мусофиров,
  • Шаҳромҷон Мусофиров,
  • Анваршо Авезов ва
  • Нуралӣ Дӯстовро ба ташкили гурӯҳи террористӣ ва омодагӣ ба террор муттаҳам кард. Акнун ду сол аст, ки барои исботи ин иттиҳомот далел меҷӯянд. Ба муҳоҷирон то 30 сол зиндон таҳдид мекунад.
Азизмурод Мусофиров
Азизмурод Мусофиров

Наздикони муҳоҷирон, ки қариб ҳама аз деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ ҳастанд, иттиҳомотро беасосу сохта хонда, мегӯянд, “онҳо аз ноилоҷӣ ба Русия рафта буданд”.

"Ягон кас ба доди мо намерасад"

Азизмурод Мусофиров, ки дар миёни боздоштшудаҳо бародар ва чанд хешовандонаш ҳаст, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро ду рӯз шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки гуноҳро ба гардан гиранд.

"Ба онҳо барои занг задан, гирифтани вакили дифоъ ва тарҷумон иҷоза надодаанд. Ягон кас ба доди мо намерасад. Ба чанд ҷо муроҷиат кардем. Як сол танҳо барои дидану тамоси телефонӣ бо онҳо талош кардем. Иҷозат намедоданд, чанд бор ба ФСБ муроҷиат кардем. Дар парванда қонуншикании зиёд аст," -- гуфт Азизмурод Мусофиров.

Анваршо Авезов
Анваршо Авезов

Яке аз гумонбарон маъмури собиқи милиса дар Тоҷикистон аст. Анваршо Авезов то рафтан ба муҳоҷират дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Зафаробод кор мекардааст. Ба гуфтаи наздиконаш, барои муолиҷаи модари бемор маҷбур аз кораш даст кашид ва ба Русия рафт.

Нарзулло Авезов, падари Анваршо Авзезов, мегӯяд, “ду-се моҳ кор кард, ки ҳамин хел шуд. Арзон афтад гуфта, ҳама дар як хона зиндагӣ мекарданд. Дар як ҷой кор мекарданд. Бачаҳои кӯҳистонӣ ришҳояшон дароз шуда буд, ҳамин хел онҳоро қапида тӯҳмат заданд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

5 муҳоҷири тоҷик ду сол боз мунтазири муҳокима
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:59 0:00

"Варақҳоро оварданд, имзо кардем"

Наздикони боздоштшудаҳо ба президенти Тоҷикистон ва мақомоти Русия муроҷиат карда, хоҳони дахолат ба ин қазия ва баррасии одилонаи парванда шудаанд. Як дархости аслии онҳо ин аст, ки шоҳидон дубора бозпурсӣ шаванд.

Ба иддаои онҳо, мақомоти Русия ҳамроҳони ихроҷшудаи муҳоҷиронро зери фишору шиканҷа водор кардаанд, ба зидди рафиқонашон баёнот диҳанд. Инро Ховар, яке аз онҳое, ки ҳамроҳи муҳоҷирон боздошт шуда буд, тасдиқ мекунад.

"Мо он ҳуҷҷатҳоро ба зӯр имзо кардем. Намедонем, чӣ навишта буданд. Вақте ба Тоҷикистон омадем, фаҳмидем, ки ҳамчун шоҳид гузаштаем. Яъне, шоҳидӣ додаем, ки бачаҳо ҳамин хеланд. Мо он ҷо чунин нагуфтем. Оварданд, варақҳоро имзо кардем. Чашм маҳкам, ягон ҷоро намедидем. Ҳуқуқи гап задану пурсидан надоштем, мезаданд,” -- нақл кард Ховар.

Вокуниши мақомоти Русия ба иддаои ҷавони тоҷик маълум нест. Аммо дар парвандаи 5 муҳоҷир, ки яке шаҳрвандии Русияро дорад, омадааст, соли 2021 аз моҳи май то сентябр онҳо дар Екатеринбург “бо ҷалби ҷавонони дигар ба ҳалқаи террористӣ, нақшаи таркиш ва ҳамлаҳои муссалаҳонаро кашида буданд”. Онҳо гуё дар хонаашон маводи тарканда нигаҳ медоштанд. Вакили дифои Шаҳромҷон Мусофиров гуфтааст, зерҳимояаш иттиҳомро рад кард.

Нерӯҳои Русия ҳар чанд вақт зодаҳои Осиёи Марказиро ҳадаф қарор медиҳанд
Нерӯҳои Русия ҳар чанд вақт зодаҳои Осиёи Марказиро ҳадаф қарор медиҳанд

Посухи Консулгарӣ

Наздикони баъзе аз муҳоҷирон аз беамалии намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ин қазия нигаронӣ мекунанд. Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи муҳоҷирони тоҷик муҳри махфӣ дорад. Ба иттилои консулгарӣ эҳтимол дар охири ҳамин моҳ ҳукми муҳоҷирон барояд.

“Парвандаи ҷиноӣ ба ифротгароии динии сиёсӣ ва терроризм иртибот дорад. Агар иҷозат шавад, корманди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар мурофиаи ҷамъбастии судӣ оид ба ин парванда иштирок хоҳад кард,” – гуфта шудааст, дар посухи Консулгарӣ ба Радиои Озодӣ.

Қазияи боздошти гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ба гумони узвият дар созмони террористӣ ва омодагӣ ба ҳамла дар Екатеринбург ду сол пеш дар расонаҳои зиёди Русия бозтоб ва навори лаҳзаи боздошти онҳо ҳам нашр шуда буд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон Додгоҳҳои ҳарбии Русия ҳоло пур аз парвандаҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм аст. Шубҳаву нобоварӣ ба боздошту баррассии одилона ва воқеӣ будани чунин қазияҳо ҳам кам нест. Тимофей Широков, ҳуқуқшиноси рус, ки дар чандин парванда ба ҳайси вакили дифоъ ширкат кардааст, мегӯяд, “аксарият сохтаву тақаллубиянд ва аз сӯйи мақомоти қудратӣ бо ҳадафи ба даст овардани натиҷа ва омор ташкил мешаванд.”

Чаро аз Осиёи Марказӣ?

Бино ба омори Кумитаи тафтишотии Русия соли гузашта хориҷиён дар ин кишвар 37 дар сад бештар ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд. Кумитаи зиддитерористии Русия дар як гузорише гуфт, дар миёни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пайваста афроде ошкор мешаванд, ки ақидаҳои исломии ифротӣ ва созмонҳои байнулмилалиии террористиро доранд.

Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, гуфт, “мо талош кардем чеҳраи муҳоҷиронеро, бисозем, ки дар ҳудуди Русия ҷиноят ва қонуншиканӣ мекунанд. Ва хулосаамон ин аст. Ин марди 22-45 солаест, ки маълумоти ибтидоӣ дорад. Забони русиро хуб намедонад.”

Аммо ҳуқуқшиноси рус, Широков мегӯяд, маҳз ба далели ноогоҳӣ ва имкониятҳои маҳдуди дигар, аз ҷумла бо таваҷҷуҳ ба эътиқоди динӣ аксаран муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳамчун гумонбар ё айбдоршаванда интихоб мешаванд.

“Инҳо одамони чандон соҳиби маълумот нестанд ва мушкили молӣ доранду ба худ имкони гирифтани кумаки хуби ҳуқуқиро надоранд. Онҳо бидуни он ки бихонанд, ба чизе, ки талаб мешавад, имзо мемонанд. Ҳуқуқи онҳоро поймол кардан хеле осон аст. Ва аз сӯйи дигар онҳо инҷо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ мешаванд ва назорату идораашон осон аст, яъне аз як ҷамъияти масалан дӯстдорони ош ташкил кардани як ҷиноҳи гуё террористӣ осон аст,” – шарҳ дод ӯ.

Пайвандони 5 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Екатеринбург, ки ба бегуноҳии онҳо пофишорӣ доранд, ҳоло интизори ҳукми додгоҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG