Як ронандаи тоҷик мегӯяд, нисфи кишварҳои аврупоиро бо мошини борбар гашт.
Абдураҳмон Назарови 36-сола агар имрӯз дар Олмон аст, фардо дар Фаронса ва рӯзи дигар дар Итолиё. Бе хароҷот, баръакс, бо маоши хуб. Ӯ ронандаи мошини борбар аст. Дар соати суҳбати мо ӯ дар роҳ ба сӯи Фаронса буд, зеро бояд борашро сари вақт ба ҷои таъиншуда мерасонд.
То чанд сол пеш ронандаҳои тоҷик ҳатто тасаввур намекарданд, ки чунин имконият барои онҳо низ фароҳам мешавад. Ҳоло ҳазорон зодаи Тоҷикистон дар Аврупо кор мекунанд.
Дар давлатҳои назди Балтик яке аз бахшҳое, ки беш аз ҳама ба нерӯи кор ниёз дорад, соҳаи интиқоли молу коло аст. Шаҳрвандони Литва, Латвия ва Эстония корро дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрико беҳтар мешуморанд.
Абдураҳмон мегӯяд, барои кор дар мошини боркаш ҳуҷҷати ронандагии дараҷаи зарурӣ ва албатта таҷрибаи идораи мошинҳои калон лозим аст. Ҳамчунин бояд ба суолҳои техникии корфармоён, ки бо забони русӣ сурат мегирад, посухи дуруст дод.
Пештар аксарият шаҳрвандони Русия ва Украина ин холигоҳро пур менамуданд. Ҳоло ба зодагони Осиёи Марказӣ ин гуна имконият пеш омадааст. Сафари гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ба давлатҳои назди Балтик тақрибан ду сол пеш, баъди соддатар кардани вуруди муҳоҷирони кор ба ин кишварҳо сар шуд. Айни замон ҷалби ронандагонро асосан намояндагиҳои ширкат дар Литва анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи Абдураҳмон, ҳоло танҳо дар ширкати онҳо тақрибан аз дуввуним то се ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ронандагӣ мекунанд. Агар солҳои пеш барои дарёфти раводид ва ё визаи корӣ онҳо маҷбур ба кишварҳои дигар мерафтанд, ҳоло дар худи Душанбе барои хоҳишмандони кор ҳаққи иқомати дусолаи зиндагӣ дода мешавад. Онҳое, ки худро ба Лаҳистон ё Полша мерасонанд, ба ҳуҷҷати иқомат ниёз доранд, вале дарёфти иҷоза ё парвонаи кор ҳатмӣ нест, чун кор зиёд аст.
Маоше, ки ба ронандаҳои мошинҳои баркаш пешниҳод мешавад, моҳе ба ҳисоби миёна беш аз 2 ҳазор ҳазор евроро ташкил медиҳад. Аммо дар сурати бо айби ронанда сар задани садама, аз меъёр зиёд сарф кардани маводи сӯхт, вайрон намудани реҷаи кору истироҳат, як миқдор ҷарима низ пешбинӣ шудааст.
Гуфтугӯ