Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирони бе пушту паноҳ". Чаро Тоҷикистон тавони муҳофизати шаҳрвандони худро надорад?


Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия
Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия чархаи муҳими иқтисоди хонаводаҳо дар кишвар ва дар айни ҳол қишри осебпазиртарин мебошанд. Тоҷикистон дар 30 соли истиқлол натавонист кишварҳои мизбони муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунад ва барои муҳофизат аз манобеи корияш дар хориҷ роҳи ҳалли муносиб биёбад.

Анис (ном иваз шудааст), шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон, 17 сол умри худро ба ҳайси лӯлакаш (сантехник) дар муҳоҷират гузарондааст. Дар оғози соли 2023 дар пайи гашти пулис дар Маскав боздошт ва бо ҳукми додгоҳ ба кишвар ронда шуд.

"Се фарзанд, падару модар, бародару хоҳар дорам, ки таъмини молии онҳо бар дӯши ман аст. Ба ҳамин далел натавонистам солҳои зиёд соҳиби шиносномаи Русия шавам. Баъд аз ихроҷ шудани ман хонавода аз манбаи молии асосӣ маҳрум шуд," -- мегӯяд Анис.

Даромаде, ки қадрдонӣ намешавад

Солҳои охир муҳоҷирони тоҷик дар Русия фишори бесобиқаеро таҷриба мекунанд. Ҳамла ба маҳалли будубоши муҳоҷирон, боздоштҳои гурӯҳӣ ва ихроҷ, суҳбатҳои муҳоҷирситезонаи сиёсатмадорону мансабдорон ва расонаҳои Русия бахше аз зиндагии ҷомеаи ин кишвар шудааст. Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, дар чунин вазъият онҳо наметавонанд ба кишвари худ умед банданд.

Тафтишу боздошти муҳоҷирон дар Санкт-Петербург
Тафтишу боздошти муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Иқтисоддонҳо мегӯянд, пули муҳоҷирон тавоноии молии бештари хонаводаҳои Тоҷикистонро таъмин, ба рушди тиҷорат ва низоми бонкӣ мусоидат мекунад ва мардумро аз фақри шадид наҷот медиҳад. Дар айни ҳол пули муҳоҷирон дар солҳои гуногун ба беш аз 40 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон расидааст.

Музокироти пушти парда?

Бо ин ҳол, мунтақидони ҳукумат мегӯянд, бо вуҷуди тамоми фоида ҳукумат, порлумон ва ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон наметавонанд ба таври зарурӣ аз муҳоҷирони худ дифоъ кунанд.

Фарҳод Одинаев
Фарҳод Одинаев

"Кори давлат, ба вижа сафорати Тоҷикистон дар Русия муассир нест. Ҳамаи муҳоҷирон дар Русия бисёр осебпазиранд, вале муҳоҷирони тоҷик ду баробар бештар осеб мебинанд. Замоне ки сафорат натавонад аз муҳоҷирони худ дар мушкилҳои хурд муҳофизат кунад, пас, дар рафти корзорҳои бузург алайҳи муҳоҷирон коре аз дасташ намеояд," -- мегӯяд фаъоли сиёсӣ Фарҳод Одинаев, ки солҳои дароз дар Русия муҳоҷир будааст.

Ба гуфтаи ӯ, "агар намояндагони сафорат ба монанди ҳамтоёни узбекистонӣ ва қирғизистонии худ фаъолтар мебуданд, шояд ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик камтар нақз мешуд".

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо ин назар розӣ нест. Ба гуфтаи вай, дар чунин ҳолатҳо байни ҳукуматҳо гуфтугӯ сурат мегирад, аммо бештар расонаӣ намешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Мо дар сатҳи порлумонҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамкорӣ мекунем. Масъала баррасӣ ва тавсияҳои вакилон шунида мешавад... Мо ҳам шаҳрванди ҳамин кишварем. Чӣ гуна метавонем ин мушкилро сарфи назар кунем?” -- мегӯяд Усмонзода.

Ин намояндаи Маҷлис бовар дорад, ки афзоиши назорати мақомоти Русия қобили дарк аст, "зеро ин кишвар дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва талош мекунад, то таҳдиди терроризм ва ифротгароиро коҳиш бидиҳад".

Талошҳои мақомот

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, имсол чанд дафъа дар сатҳи расмӣ ба боздошти густурдаи шаҳрвандони худ ибрози нигаронӣ карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, моҳи майи ҳамин сол аз ҳамтои руси худ Владимир Колоколсев хост, то назорати парвандаи озору азияти донишҷӯёни тоҷик аз сӯи мақомоти интизомиро зери назорати худ бигирад. Баъдан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро эҳзор кард ва нисбат ба боздошти густурдаи шаҳрванди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни дидорҳо бо намонядагони расмии Русия хостори авф ва соддасозии марҳилаҳои қонунӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад.

Бо вуҷуди ин, фишор ба муҳоҷирон ва шадид кардани назорати бар будубоши онҳо дар қаламрави Русия бештар мешавад. Бахусус пас аз он ки дар моҳи октябри соли 2022 Шӯрои амнияти Русия ислоҳи сиёсати муҳоҷират ва ниёз ба ташдиди назорат бар муҳоҷиронро эълон кард.

Роҳи халосӣ кадом аст?

Карим Алиев, коршиноси умури муҳоҷират, мегӯяд шиддат ёфтани назорат бар муҳоҷирон дар Русия ва рақобат барои ҷойи кор дар ин кишвар эҳтимол ба далели бештар шудан инзиво афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, ки нерӯи корӣ содир мекунанд, бояд роҳҳои дигари муҳоҷиратро биёбанд.

"Барои ин ки дучори вобастагӣ нашаванд, мақомоти тоҷик бояд роҳҳои дигари муҳоҷиратро ёбанд. Барои амалӣ шудани ин амр бояд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам кунанд. Муҳимтар аз ҳама муҳоҷирони бомаҳорат ва кордонро бо шуғлҳои серталаб омода мекарданд. Кафшергар, деворзан, коргари крани борбардор ва лӯлакашҳои ҳирфаиро омода мекарданд. Чунин мутахассисон на танҳо дар Русия, балки дар ҳама ҷойҳо харидор доранд. Ҳарчи роҳҳои муҳоҷират бештар бошад, давлат беҳтар метавонад истиқлоли худро ҳифз кунад ва аз шаҳрвандони худ дифоъ намояд," - бовар дорад Алиев.

Масири асосии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон Русия аст. Сипас Қазоқистон, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра.

Дар солҳои охир муҳоҷирони мавсимӣ ба Бритониё мераванд, ки низоми муҳоҷирати он хуб арзёбӣ мешавад. Ғайр аз ин шумораи қобили таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амрико мераванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG