Даҳҳо падару модар дар гӯшаву канори Тоҷикистон се сол боз шикоят мекунанд, ки барои нарафтани писаронашон ба артиш зери фишор ҳастанд. Ҳоло баҳс дар барномаи “Гапи Озод” дар бораи қазияи хос нест, балки он аст, ки то куҷо падару модар ва ё волидон ҷавобгӯйи рафтор ва амали фарзанди болиғи худ ҳастанд? Ё агар фарзанди нафаре дар Русия ё Аврупо даст ба амале зад, чаро дар дохил падару модар ё аъзои дигари хонаводаи ӯро дастгиру муҷозот мекунанд?
Меҳмонони барнома Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва мудири созмони иҷтимоии "Перспектива+” аз Тоҷикистон ва Вайсиддин Одинаев, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Аврупо. Ба ин суолҳо бояд мақомоти Тоҷикистон низ посух ва мавқеъву рафтори худро шарҳ медоданд, аммо аз суҳбат даст кашиданд.
Баъзе аз суолҳои барнома:
- Волидон то куҷо ҷавобгӯйи амали фарзанди болиғи худ ҳастанд?
- Ҳар сол бо шурӯи мавсими даъват ба артиш чунин ҳолат такрор мешавад. Чаро бо гузашти солҳо ин масъала ҳалли худро намеёбад?
- Моҳи сентябри имсол, вақте президенти Тоҷикистон ба Олмон рафт, намояндагони мухолифон эътироз карданд ва ба мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон бо тухм заданд. Сипас маъракаи таъқиби боздошти падару модар ва бародару хоҳарони онҳо дар Тоҷикистон сар шуд. Вақте ҳукумат волидонро барои амали фарзанд боздошту муҷозот мекунанд, ин чӣ маъно дорад?
Баъзе аз иқтибосҳо аз барнома:
“Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” чанд фактро ошкор кард ва баъзе аз масъулон ҷазо гирифтанд, аммо ин кам аст. Касе ин корро мекунад, танҳо худаш гунаҳкор нест. Сардорони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳам бояд ҷазо гиранд. Ҳар сол унвони ҳарбӣ ва мукофот мегиранд. Онҳоро аз имтиёз маҳрум кунанд.”
***
“Якум ин ки бадбахтона дар Вазорати мудофеа ягон ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда нашуд. Дуюм, Суд мустақил нест. Порлумони кишвар иҷрои қонунҳоеро, ки қабул мекунад, назорат намекунад. Ҳамаи ин сабаб мешавад, масъулон ҳис кунанд, ки ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ва ин ҳодисаҳо ҳар сол такрор мешаванд. Яъне, ислоҳот нест.”
***
“Рафтори мақомот, ба назари банда, беҳуқуқӣ, бемасъулиятӣ ва беқонунӣ аст. Вазъ нишон медиҳад, ки афроди шоиста дар ҷойи худ нестанд. Дар чанд навор дидем, ки ҳатто ба духтарон, ба хонумҳо, ки бояд аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят карда шавад, ҳамла мекунанд. Мардум ин наворҳоро дар шабакаҳо мегузоранд.”
***
“Бо тухм задан дар Аврупо ва Осиё чизи одӣ аст. Ҷорҷ Бушро бо калуш заданд. Аз ӯ пурсиданд, ки худро чӣ хел эҳсос кардед? Вай гуфт, фақат як чизро медонам, ки андоза (размер)-и калуш 42 будааст. Ин чизе нест, ки барои он ба падару модар фишор биоваранд. Ҳол он ки падару модар, мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон барои амали фарзандаш ҷавобгар нест.”
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад