Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Шарофиддин Гадоев гуфт, мақомот сими барқашро буридаанд


Модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ
Модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ

Модари Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифин мегӯяд, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи манзилашро қатъ карданд. Мақомот масъаларо шарҳ намедиҳанд.   

Ойишамо Абдуллоева дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони барқ субҳи 11-уми октябр ба манзили ӯ дар маркази ноҳияи Фархор омада, хати барқро буриданд. Ба гуфтаи хонум Абдуллоева, дар хона ӯ бо набераи 12-солааш зиндагӣ мекунанд.

"Ба кормандони барқ гуфтам, ки қарздор нестам ва ҳар моҳ пули барқро пардохт мекунам, чаро ноқили хонаи моро буридед? Гуфтанд, ки писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст. Ҳарчӣ гуфтам гӯш накарданд,”-афзуд Ойишамо Абдуллоева.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмии мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Масъулини идораи барқи ноҳияи Фархор ба зангҳои мо ҷавоб надоданд.

Ойишамо Абдуллоева мегӯяд, бемории қанд дорад ва намедонад, ки бе барқ чигуна зиндагӣ мекунад. "Ман дар торикӣ чӣ хел роҳ мегардам, чӣ хел ғизо омода мекунам? Писари ман 38-сола аст, худаш медонад, ки чӣ мегӯяд, ба мани 72 сола чӣ кор доранд?"

Шарофиддин Гадоев дар гузашта яке аз раҳбарони “Гуруҳи 24” буд ва ҳоло раиси созмони "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" ва узви Паймони миллист. Эътилофи созмонҳои мухолифони ҳукумат аст, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст.

Шарофиддин Гадоев, яке аз ширкатдорони намоишҳои эътирозии намояндагони мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон буд. Гадоев қаблан гуфта буд, баъди ширкат дар ин тазоҳуротҳо, модари ӯро боздошт карданд.

Шарофиддин Гадоев дар намоиши эътирозии 29 сентябри 2023 дар Олмон
Шарофиддин Гадоев дар намоиши эътирозии 29 сентябри 2023 дар Олмон

Ойишамо Абдуллоева ҳам 11-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти амнияти ноҳияи Фархор ӯро танҳо баъди ҳашт соат раҳо карданд. Модари Шарофиддин Гадоев ҳоло мегӯяд, “аз бехатариам метарсам.”

Ба ҷуз аз Шарофиддин Гадоев чанд фаъоли дигари мухолифин ҳам шикоят карданд, ки баъди тазоҳурот дар вақти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, мақомот хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон боздошту шиканҷа карданд. Мақомот ба ин шикоятҳо ҳеч вокунише накарданд, аммо дар фейсбук наворҳое пахш шуд, ки пайвандони мухолифин аз онҳо мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Баъзе намояндагони мухолифин бовар доранд, ки ин наворҳо дар зери фишори мақомот сабт шудаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 6-уми октябр дар гузорише гуфт, то кунун ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе баъд аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG