Хонум Мирзоева рӯзи 12-уми октябр гуфт, се корманди идораи барқи ноҳияи Восеъ ба манзили ӯ дар деҳаи Кадучӣ рафта, сими барқи ҳавлияшро буриданд.
"Сардори Шуъбаи барқи ноҳия ҳамроҳашон буд. Вақте пурсидам, ки қарздор ҳастам? Гуфт, не. Пурсидам, пас, чаро барқи моро буридед? Гуфтанд, фармон аз боло аст ва агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун. Ба идораи амният рафтам, гуфтанд, ки хабар надорем, дақиқ карда, занг мезанем," -- нақл кард Ойиша Мирзоева.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи расмии мақомоти ноҳияи Восеъ то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудан назари расмӣ дар матлаб илова хоҳад шуд.
Сӯҳроби Зафар раиси "Гуруҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки фаъолияташ дар дохили кишвар мамнуъст. Ойиша Мирзоева пештар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз соли 2004 ба ин тараф аз ӯ хабар надорад.
Дар як рӯзи ахир ин бори дуюм аст, ки пайвандони мухолифин аз қатъ шудани барқи манзилашон шикоят доранд. Рӯзи 12-уми октябр Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифин ҳам гуфт, мақомоти барқи хонаашро қатъ карданд. Абдуллоева аз он шикоят дошт, ки бемории қанд дорад ва намедонад, ки бе барқ чигуна зиндагӣ мекунад.
Шарофиддин Гадоев, узви Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифони ҳукумат аст, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст.
Намояндагони мухолифин мегӯянд, баъди баргузор кардани тазоҳурот дар вақти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, мақомот хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон боздошту шиканҷа карданд. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 6-уми октябр дар гузорише гуфт, то кунун ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе баъд аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.