Дар шаҳри Кӯлоб бо ҳадафи таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ба сохтмони 18 обанбор оғоз кардаанд.
Мақомот мегӯянд, ҳар обанбор аз 500 то 6000 ҳазор мукааб об мебарад.
Корхонаи обу корез талош дорад, бо бунёди ин ҳавзҳо норасоии обро аз байн баранд.
Аксари сокинони Кӯлоб, яке аз шаҳрҳои калони Тоҷикистон, аз норасоии оби ошомиданӣ шикоят мекунанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот мегӯянд, сокинон саривақт пули истифода аз обро пардохт намекунанд ва ин боис шудааст, ки дар таъмири дастгоҳҳои обрасонӣ мушкил пайдо шавад. Сокинон беш аз 20 миллион сомонӣ аз ҳаққи истифодаи оби ошомиданӣ қарздор будаанд.
Сорбон Носирзода, муовини раҳбари Корхонаи обу корези Кӯлоб мегӯяд, ин идора низ аз андоз қарздор аст.“Мо аз ҳисоби андоз як миқдор маблағ қарздор ҳастем, қариб 18 милион сомонӣ. Бошад, ки ҳисоббаробарӣ карда шавад, ҳам пули андози мо кам ва ҳам пулӣ қарзи об супорида мешавад,”—гуфт ӯ.
Аксари сокинон мегӯянд, ҳамеша пули истифодаи обро месупурданд, вале намедонанд, ин қадар қарз аз куҷо пайдо шудааст.
Аҳолии шаҳри Кӯлоб бо суръат афзоиш меёбад ва дар канораҳои шаҳр маҳаллаҳои нав пайдо мешавад. Мақомот мегӯянд, ки аз ин рӯ талабот ба об бештар шудааст. Аммо қарзи пули об ҳам то рафт боло меравад. Ҳукумат мегӯяд, агар сокинон пулро пурра падохт кунанд, мушкили об кам хоҳад шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як зан дар Кӯлоб мушкили кӯҳнаи худу ҳамсояҳоро ҳал кардПолоиши об, истеҳсоли тило ва шиша. Дар соҳили Панҷ обанбор месозанд. ВИДЕОГурӯҳе зери оби ҳоҷатхонаҳо, дигаре маҳрум аз об. Мушкилӣ дар Навбаҳори Душанбе. ВИДЕОДар Тоҷикистон 33 % аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Мушкил дар ҳашт сол ҳал мешавад? ВИДЕО"Аз бӯйи он на нон хӯрда мешавад, на чизи дигар." Аз зиндони Ваҳдат чӣ берун меояд?Сокинони деҳае дар Восеъ мегӯянд, "об лозим нест, роҳ диҳед." ВИДЕОҲукумати Вахш раиси Идораи обро барканор кард, аммо дар бораи "хеши президент" чизе нагуфт. ВИДЕО