Раҳбарияти корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба иҷрои ин нақша бовар дорад ва таъкид мекунад, ки ин нақша марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад шуд. Вале дақиқ нагуфтанд, ки барои иҷрои ин барнома ба чӣ миқдор пул ниёз доранд. Баъзе сокинон, ки солҳост аз дастрасӣ ба об азият мекашанд, ба иҷрои ин нақшаҳо чандон бовар надоранд. Ҷӯрахон Ғаффорзода, муовини аввали раиси корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» рӯзи 29-уми июл дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан 67,1 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ таъмин аст.
Ӯ гуфт, "Ин баробар мешавад ба 6 миллиону 340 ҳазор нафар. То соли 2030 ҳамин хел барномаҳое ҳастанд, ки бо сарварии роҳбари давлат аҳолӣ бо оби нушокӣ бояд пурра таъмин шаванд". Айни ҳол аҳолии Тоҷикистон 10 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз маълумоти корхонаи манзилию коммуналӣ бармеояд, ки дар кишвар ҳудуди 3 миллиону 700 ҳазор нафар аз дастрасӣ ба об танқисӣ мекашанд. Сафар Қаландаров дар деҳаи Лолазори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад.
Дар деҳаи онҳо қубури обгузаре, ки то хонаҳои мардум оби тозаи ошомиданиро расонад, кор намекунад ва онҳо маҷбур мешаванд, ки обро аз мошини сайёр бихаранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар мошин обро бо нархи 400-500 сомонӣ харидорӣ мекунанд, ки илова ба мушкилоти интиқолу истифодааш, пардохти харҷаш гаронӣ мекунад. Қаландаров рӯзи 29-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Як тонна обро аз дигар маҳаллаҳо мошинҳо бо арзиши 100 сомонӣ меоранд. Як мошин 4-5 тонна об меорад, то 500 сомонӣ медиҳем.
Аз вақти бунёди деҳа чандин сол мешавад, вале ба масъалаи таъмини оби мардуми деҳа касе таваҷҷӯҳ намкунад". Сарфи назар аз онки Тоҷикистон дар саргаҳи оби минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, шикояти сокинон аз беобӣ дар ин кишвар зиёд садо медиҳад. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва пайдо шудани деҳаҳои нав ин мушкилро ҷиддитар кардааст. Баъзе сокинон дар ҳавлиҳои худ чоҳ канда аз он истифода мебаранд, бархеи дигар маҷбуранд, обро аз мошин харида истифода кунанд.
Дар ин сурат, об бояд дар зарфҳо нигаҳдорӣ шавад ва дар ин сурат, на танҳо мушкили захираи ҳаҷми калони об, балки таъмини бехатариву покизагии он ҳам муҳим мешавад. Чанде аз сокинон гуфтанд, масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданиро борҳо бо мақомотҳои маҳаллӣ дар миён гузоштанду ваъдаҳое низ гирифтанд, вале иҷро намешавад. Чунин шеваи кор ба назари онҳо иҷрои нақшаи таъмини аҳолӣ ба обро зери шубҳа мебарад. Камбуди об дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳои истиқлолият барои дастрасии мардум ба оби тоза аз бархе созмонҳои байналмилалии молӣ даҳҳо миллион доллар дарёфт кардааст.
Дар корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гуфтанд, барои таъмини сокинон ба об 58 миллион доллар ва 15 миллион евро кӯмакҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро кор мебаранд. Аксари ин маблағо ба иттилои расмӣ, ҳамчун грант ба Тоҷикистон дода шудааст. Истифодаи дурусти маблағҳо ва шаффофияти кори тарҳҳои марбут ба таъмини об борҳо мавриди шубҳаву интиқодҳо қарор гирифтааст. Ҳарчанд масъулон бар ин назаранд, ки харҷи маблағҳо зери назоратанд. Абдуқодир Файзуллоев, намояндаи корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ" мегӯяд, дар назди ин корхонаи давлатӣ чор лоиҳаи сармоягузории марбут ба таъмини об амалӣ мегардад: "Ба замми ин, дар сатҳи Вазорати молия аллакай гуфтушунидҳо барои лоиҳаи нав идома доранд, ки ки дар он лоиҳаи пилотии ноҳияҳои Данғараву Ёвон ва шаҳри Бохтар шомиланд."
Ба иттилои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», муҳлати анҷоми чор тарҳи сармоягузории марбут ба об дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон то соли 2024 пешбинӣ шудааст. Бо амалӣ гардидани ин тарҳҳо бояд 1,5 миллион нафар ба оби ошомиданӣ таъмин гарданд. Вале маълум нест ин барнома то куҷо дуруст амалӣ мегардад. Дар гузашта низ мақомот аз дарёфти миллионҳо доллар грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ба хотири таъмини сокинони ба об хабар дода буданд. Вале шикоятҳо аз беобӣ бештар садо медиҳад. Се сол пеш як гузоришгари вижаи Созмони Милал гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои дастрасии сокинон ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бояд бештар талош кунад. Чизе, ки мардум мегӯянд, ҳалношуда мондаасту мақомот мегӯянд, аз паяш ҳастанд.
Гуфтугӯ