Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар посух ба шикояти сокинони ду деҳа, ки иддао доштанд "яке аз хешони президент" онҳоро беоб гузошт, раиси Идораи оби ноҳияро аз мансаб барканор кардаанд.
Мақомоти Вахш 16-уми август дар номае ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Анвар Ғозиев ҳамроҳи "шахсони номаълум" лӯлаи оби бозмонда аз Шӯравиро канда, дастрасии сокинонро ба оби ошомиданӣ маҳдуд кардааст. Аммо дар нома ошкор накарданд, ки "шахсони номаълум" киҳо буданд.
Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳ аз сокинони деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муҳибуллои Тошрободӣ, ки ба иддаои онҳо, яке аз хешони президенти Тоҷикистон аст, лӯлаи обро канда, "ба тарафи хоҷагии чорводорияш дар ҷамоати Машъали ноҳия бурданист".
Дар номаи ҷавобии мақомоти Вахш аз Муҳибуллои Тошрободӣ аслан ном бурда нашудааст. Баръакс, гуфтаанд, "харитаи ҷойгиршавии қубури об танҳо дар назди Ғозиев Анвар буда... бо ашхоси номаълум канда мебурдаанд. Бино бар бемасъулиятӣ ва даст доштан ба кандани қубур... Ғозиев Анвар аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуд."
Як намояндаи Дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Вахш дар суҳбати телефонӣ ва бе зикри ном гуфт, "раиси Идораи об охири ҳафтаи гузашта ариза навишта, аз кор рафт", аммо ӯ ҳам дар мавриди "шахсони номаълум" ҷузъиёт надод.
Сокинон дар деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш мегӯянд, дар ҳоли ҳозир кандани қубури об бас шудааст, аммо ба монанди рӯзҳои пешина аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Нарзулло Зафаров, яке аз сокинони деҳаи Дӯстӣ, мегӯяд, "ҳоло қисме аз қубурро кандаанд ва сарнавишти баъдияш маълум нест. Намедонем дубора ҷо ба ҷо карда мешавад ё не. Ҳоло ҳам беобем ва аз ҷуйбори канори деҳа об меорем.”
Дар деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш беш аз 300 оила зиндагӣ мекунанд. Ба иттилои мақомоти ноҳия, хатти обро ба онҷо ҳанӯз дар замони Шӯравии собиқ аз дарёи Вахш оварда буданд ва 13 километр дарозӣ дорад. Як бахши лӯлаи об ба бемористони ноҳия кашида шудааст.
Тасмими охирро дар ҳоле гирифтаанд, ки рӯзи 7-уми август гурӯҳе аз мардум дар мулоқот бо раиси ноҳияи Вахш мушкили худро баён дошта буданд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд дар он суҳбат раиси ноҳия гуфтааст, касе ба кандани лӯлаи об ҳақ надорад, рӯзи 11-уми август дигарбора тракторе бо коргарони кироя ба кандани қубури об идома додаанд.
Ҳамсуҳбатони мо дар деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш гуфта буданд, вақте монеи кори ронандаи трактор ва коргарони кироя шуданд, дар посух “фармон аз боло аст”-ро шуниданд. “Онҳо гуфтанд, бояд ин қубурро канда, бурда дар деҳаи Тошрободи ҷамоати "Машъал" ва барои бо об таъмин намудани фермаи хешовандони президент васл кунем”, -- нақл кард як сокин деҳаи Рӯдакӣ.
Солҳои охир, ба сабаби гарм шудани ҳаво, дастрасӣ ба об дар аксар гӯшаҳои Тоҷикистон мушкил шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, сокинони деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии Вахш мегӯянд, дар оянда вазъи онҳо бадтар хоҳад шуд ва бинобар ин мехоҳанд, ҳоло аз пурра кандани лӯлаҳои тайёри об пешгирӣ кунанд.
Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон аз дарёфти имтиёз ва суистифодаи наздикони раиси ҷумҳурӣ шикоят мекунанд.
Ҳафт сол пеш Санавбар Абдуллоева, аз моликони бозори “Ином”-и Шаҳритуси вилояти Хатлон, аз додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ба матубот шикоят карда буд, ки бо истифода аз нуфузаш соҳиби бозор шуданист. Дар ниҳоят, Бурҳон Абдуллоев – раиси собиқи бозори “Ином” ва ҳамсари Санавбар Абдуллоева – пас аз баҳси дусола бо ҷурми “қаллобӣ” боздошт ва ба се сол зиндон маҳкум шуд.