Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полоиши об, истеҳсоли тило ва шиша. Дар соҳили Панҷ обанбор месозанд. ВИДЕО


Шохаи рӯди Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Шохаи рӯди Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар соҳили рӯди Панҷ ба сохтмони обанборе оғоз кардаанд, ки ба ҷуз полоиши об, инчунин аз таҳшини он тилло ва маҳсулот барои омода намудани шиша берун карданианд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳадафи нахуст аз бунёди обанбор таъмини сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор ба оби поки ошомиданӣ аст, вале аз таҳшини обанбор имкони ба даст овардани тило ва қумреза барои истеҳсоли шиша низ вуҷуд дорад.

Ин полоишгоҳ дар масоҳати 36 гектар бунёд хоҳад шуд. То ҳол ҳаштод дарсади кор иҷро шудааст.

Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, дар оби Панҷ тилорезаи хурд вуҷуд дорад, ки агар он дар чунин обанборе таҳшин нашавад, ба ҳеч роҳе онро имкони аз рӯд берун кардан нест. Ӯ гуфт, пас аз зери об рафтани тило дар обанбор онро бо таҷҳизоти хос мешавад берун кард.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар канори рӯди Панҷ полоишгоҳ сохта мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Сохтмони полоишгоҳро Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунад, вале мақомот нагуфтанд, ки барои он чӣ миқдор маблағ дарёфт кардаанд.

То ҳол дар ин минтақа ва соҳили Панҷ чунин полоишгоҳ вуҷуд надошт.

Оби рудхона ба Ҳамадониву Восеъ ва Фархор дар шакли гилолуд ворид мешавад.

Бештари киштзорҳои ин се ноҳия аз ҳамин рӯд об мегиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG