Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе зери оби ҳоҷатхонаҳо, дигаре маҳрум аз об. Мушкилӣ дар Навбаҳори Душанбе. ВИДЕО


Шикояти сокинони як бинои нав дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Сокинони даҳ бинои навсохт дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе ба "дарди сар" гирифтор шудаанд. Гурӯҳе зери оби ҳоҷатхонаҳо монда, дигаре аз оби ошомиданӣ маҳрум. Мардум мегӯянд, биноҳо нотамоманду мушкил зиёд. Моликони баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, масъулияти онҳо иҷро шудааст.

Анбор ё хона?

Зарина, сокини як хонаи навбунёд дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе, мегӯяд, чаҳор рӯз боз ба хонааш даромада наметавонад. Ҷойи зисти ӯ ва чанд ҳамсояашро дар санад "анбор" навишта, вале ба онҳо ҳамчун "хона" додаанд.

"Дар таҳхона (подвал) зиндагӣ дорем. Ба пул харидем. Биноро сохтаанд, дуруст созанд, чӣ мешавад? Ба сабаби рехтани об аз ҳоҷатхонаҳои ошёнаи боло дигар зиндагӣ карда намешавад," – гуфт ӯ рӯзи 17-уми март.

Зарина шарҳ дод, ки қубур кафидаасту хонаи ӯ ва ҳамсояҳояш аз оби гандида пур шуда. Бо ёрии дастгоҳи обкашӣ манзили худро тоза мекунанд.

Биноро ширкати "Рустамиён" сохтааст. То замони таҳияи гузориш масъулони ширкатро наёфтем. Бар асоси Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ширкати "Рустамиён" соли 2015 ташкил шуда, қароргоҳаш дар ноҳияи Рӯдакист.

Дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе даҳ бинои навбунёд канори ҳам ҷойгир шуда, аз як низоми обукорез истифода мекунанд. Ба нақли сокинон, "сарбории зиёд боиси аз кор мондани дастгоҳе шуд, ки оби ҳоҷатхонаҳоро ба нуқтаи асосӣ мерасонд".

Наргис Давлатова, сокини як бинои баландошёна дар маҳаллаи Навбаҳор, мегӯяд, "аз як канализатсия сокинони 31 даромадгоҳ истифода мекунанд."

Мегӯянд, "аз мушкил хабар доранд"

Барои он ки оби ташноби ошёнаҳои боло ба ҷойи зисти Зарина ва ҳамсояҳояш нарезад, лӯлаҳои обро бастаанд. Бинобар ин, садҳо сокини биноҳои баландошёнаи маҳалла беоб монданд.

Сокинон мегӯянд, касе арзашонро намешунавад. На мақомот ва на моликони ширкатҳои сохтмонӣ. Биноҳоро ширкатҳои "Рустамиён", "Мовароуннаҳр" ва "Соҳибдӯст" сохтаанд.

Як масъули ширкати "Соҳибдӯст" гуфт, сокинони биноҳои ӯ ҳам чанд рӯз боз оби ошомиданӣ надоранд ва гуё мушкил дар низоми обукорез аст, ки фарсуда шудааст. Вай бе зикри ном гуфт, бинои онҳо "аз кумисюни давлатӣ гузаштааст ва ҳеч мушкил надорад".

Дар Корхонаи обукорези ноҳияи Синои Душанбе гуфтанд, аз мушкили сокинон хабар доранд, аммо нагуфтанд, чаро мушкил то ин замон ҳал нашудааст.

Тарси сокинони баландошёнаҳо аз он аст, ки бо шурӯи гармӣ, набудани оби тоза ва зиндагӣ дар таҳхонаҳои пур аз оби ифлос имкони гирифтории кӯдаконро ба бемориҳои сироятӣ бештар мекунад.

Дар солҳои охир сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе афзудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ин восита мушкили камбуди хона ҷуброн хоҳад шуд, аммо на ҳама аз сифати сохтмонҳо розӣ ҳастанд. Мақомот, ки иҷозаи бунёди хонаро медиҳанду масъули қабулаш ҳастанд, баъзе камбудҳоро эътироф карда, вале омори биноҳои "мушкилдор"-ро нагуфтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG