Соҳибназарон аз вуҷуди камбудиҳои зиёд дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон, ба мисли нақзи ҳуқуқи инсон ва фасоду истифода аз зӯр нисбати сокинон мегӯянд.
Пажуҳишгоҳи амрикоии арзёбии афкори ҷомеаи Gallup дар гузориши солона худ бо номи “Шохиси қонун ва тартиботи Пажуҳишгоҳи Gallup” навиштааст, ки 96 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба пулиси кишвар эътимод доранд. Ҳарчанд ин натиҷа бар пояи назари 1000 сокини Тоҷикистон гирифта шудааст, Gallup Тоҷикистонро аз ҷиҳати амнияти сокинон ва эътимоди онҳо ба пулис дар ҷойи аввал қарор додааст.
Коршиносони ин пажуҳишгоҳ навиштаанд, ки сокинони Тоҷикистон ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун бовар доранд. Ин иддаои Gallup дар ҳолест, ки дар як соли ахир хабарҳо дар бораи шиканҷаву даст доштани маъмурони пулис дар боздоштҳои ғайриқонунӣ расонаӣ мешаванд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва дар гузашта котиби Шӯрои амнияти кишвар дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан фаъолияти сохторҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамасола беҳтар мешавад.
Ба эътимоди ӯ, “Боварии мардум нисбати кормандони мақомоти милитсия ниҳоят баланд аст. Амнияти ҷамъиятӣ низ ба назари ман хуб таъмин карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Дар суҳбатҳои сарироҳии Радиои Озодӣ сокинони Душанбе низ аз вуҷуди эътимод ба сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ изҳори назар карданд. Аммо нафароне низ буданд, ки аз камбудиҳо дар фаъолияти пулиси Тоҷикистон изҳори норозигӣ мекарданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Генерал Тоҳир Норматов, ки чанд сол дар вазифаи сардори Ситоди ВКД ифои вазифа кардааст, мегӯяд, бояд воқеъбин бошем ва солҳои ахир амнияти сокинон дар кишвар ба таври хуб таъмин карда мешавад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ин генерали бознишаста, дар ҳар кор камбудиҳое низ вуҷуд доранд.
Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар бархе мавридҳо камбудиҳо низ вуҷуд доранд ва касе онҳоро махфӣ нигаҳ намедорад. Ба навиштаи расонаҳо, чанд тан аз кормандони милитсия низ барои қонуншиканиҳо боздошт шудаанд. Аз суҳбатҳо бо ҳамкорони собиқам огаҳӣ дорам, ки роҳбарияти ВКД дар мавриди дертар вокуниш нишон додани кормандонаш ба шикоятҳои сокинон сахтгир аст. Боз ҳам мегӯям, дар ҳар кор дастовард ҳам ҳаст ва ҳам камбудиҳо. Вале ҳоло дар фаъолияти ВКД пешравиҳо бештар аст.”
Алихон Икромӣ, як афсари бахши санҷишҳои тиббӣ-cудии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамасола омори содиршавии ҷиноятҳо майл ба камшавӣ дорад. Аз ҷумла, дар як соли ахир ҳодисаҳои қатли ваҳшиёна ё таҷовузи ҷинсӣ тақрибан мушоҳида намешавад.
Икромӣ гуфт: “Мутаассифона, садамаҳои нақлиётии маргбор зиёд мешаванд. Албатта, бе ҷиноят намешавад ва ҷиноятҳо ҳастанд, вале инҳо ҷиноятҳои сабук дониста мешаванд. Ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки нисбати кормандони милитсия барои берун баромадан аз ваколатҳои хидматӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда мешаванд. Вале бояд бигӯям, ки омори чунин ҷиноятҳо нисбати солҳои қаблӣ камтар мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб ва қазияи “Лакат” ва латукӯби сокини Ҳамадонӣ пойи маъмурони милиса дар миён кашида шуд. Дар як маврид се нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуда, дар мавриди дигар ду нафар боздошт шудаанд. Ҳарчанд дар қазияи “Лакат” онҳоро ҷабрдида эътироф карданд, танқиди мардум нисбат ба рафтори маъмурони милитсия кам нашуд.
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қонунгузорӣ дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешбурди фаъолияти пурсамари сохторҳои ВКД-ро фароҳам кардааст. Аммо, ба эътиқоди ӯ, чанд омиле аз тавсеаи ин амр ҷилавгирӣ мекунад.
Ҳакимов ба ин бовар аст, ки “то замоне шиканҷа, муносибатҳои коррупсионӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, дарку эҳсоси бидуни назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма будан вуҷуд доранд, самаранокии кори милитсия камтар мешавад.”
Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ки сокинони Тоҷикистон бо пардохти андозҳо фаъолияти сохторҳои ВКД-ро таъмини молӣ мекунанд ва ин ниҳод вазифадор аст таҳти назорати ҷомеа қарор дошта бошад. Вале дар кори он на ҳамеша шаффофият ба назар мерасад.
Роҳбарияти ВКД, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ аз соли 2010 боз барои ислоҳот дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ талош меварзанд. Тибқи ҳадаф ва вазифаҳои ин ислоҳот на танҳо номи ниҳод аз “милитсия” ба “пулис” бояд иваз мешуд, балки сифати муносибати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум низ бояд ба сатҳи нав боло мерафт. Аммо ин кор то ҳол сурат нагирифтааст. Стратегияи ислоҳоти милитсия соли 2013 тасвиб шуд ва қарор буд дар соли 2020 милитсия ба пулис ивази ном мекард. Ҳукумат он замон эълом дошт, ки “ислоҳот бо ҳадафи эҷоди як тасвири куллан нав дар афкори умумӣ анҷом мешавад.” Мақсади асосии ислоҳот боло бурдани сатҳи ҳирфаии посбонони ҳуқуқ, мубориза бо фасод дар сафи онҳо, аз байн бурдани шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо боздоштшудаҳо гуфта мешуд. Созмонҳои байналмилал ин тарҳро ба таври фаровон сармоягузорӣ карданд. Аммо он то ҳол иҷро нашудааст.
Соли ҷорӣ президенти Тоҷикисттон Эмомалӣ Раҳмон тибқи маъмул кормандони ин вазоратхонаро ҳузурӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар маросими гузари низомӣ табрик гуфт. Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки “қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъиноти махсус табдил дода шавад”. Эҳтимол дорад сабаби чунин тағйироти сохторӣ дар ВКД аз ин суханҳои худи президент Раҳмон бармеояд, ки имрӯз иброз дошт: “мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо кардаанд, ки оқибати раванду ҳодисаҳои дунёро ҳатто барои чанд рӯзи оянда пешгӯӣ кардан ғайриимкон гардидааст”. Ба ин тартиб рушан нест, вазифаи асосии ин неру ҳифзи мардум хоҳад буд ё ҳокимият.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Боздошти ду милиса барои таҳияи билети қалбакии ҳарбӣДодситони минтақаи Кӯлоб барканор шуд. Хонаҳоро чаппа мекунанд. Сабаб?"Чашми моро бастанд, заданд, дар варақҳо имзо мондем" ВИДЕОБоздошти ду маъмури милиса барои латукӯби як сокини Ҳамадонӣ. ВИДЕОҲамла ба нозири роҳ. Мақомот гуфтанд, ронандаро боздошт кардаанд. ВИДЕОЯк фаъоли мухолифон мегӯяд, модари ӯро ҳам аз барқ маҳрум кардаандСокинон "гунаҳкор", милисаҳо "ҷабрдида" шудаанд. Поёни қазияи Лакат