Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду милиса барои таҳияи билети қалбакии ҳарбӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду маъмури милисаро ба гумони гирифтани 24 ҳазор сомонӣ ва таҳияи билети қалбакии ҳарбӣ дастгир кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр гузориш дод, ки лейтенант Меҳроҷиддин Назаров ва капитан Ашӯралӣ Исмоилов ба “қаллобӣ ба миқдори калон” ва “сохтакорӣ бо маслиҳати пешакӣ” муттаҳаманд.

Ба онҳо ҷарима ё аз ду то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

Аввалӣ корманди хадамоти “Муҳофиза” дар ноҳияи Шоҳмансур ва дувумӣ маъмури Раёсати умури дохилии Душанбе будааст.

Мавқеи гумонбарон ё наздикону вакилони мудофеашон ба қазия маълум нест.

Додситонӣ мегӯяд, ҳодиса аввали моҳи январи имсол сурат гирифта, билети қалбакиро моҳи октябри имсол дар шаҳри Ваҳдат ошкор кардаанд. Замоне ки даъватшаванда Нуриддин Собирзода ба намояндагони комиссариат ҳуҷҷаташро нишон додааст.

Мақомот мегӯянд, тайи моҳҳои охир ба ин монанд чанд мавриди дарёфти билети қалбакии ҳарбӣ ошкор шуд. Аз ҷумла, моҳи августи имсол ду нафарро ба гуноҳи гирифтани 36 ҳазор сомонӣ ва таҳияи билети қалбакии ҳарбӣ барои се даъватшаванда маҳкум кардаанд.

Додситонии кул мегӯяд, таҳқиқи парвандаи дигар дар робита ба таҳияи билети қалбакӣ ба чор сокини Исфара ҳанӯз идома дорад. Дар курсии айбдорӣ ду нафар нишастаанд ва ба гирифтани 40 ҳазор сомонӣ гумонзад ҳастанд.

Ин шабу рӯз даъвати ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик ба артиш ҷараён дорад. Солҳои охир мақомот аз афзоиши сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд. Сокинон аз даъвати иҷборӣ хабар медиҳанд.

Як сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз хидматро баъзе аз сокинону ҳомиёни ҳуқуқ ба бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳе бо маргу маъюб шудани онҳо меанҷомад.

XS
SM
MD
LG