Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон "гунаҳкор", милисаҳо "ҷабрдида" шудаанд. Поёни қазияи Лакат


Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Чор нафар ҳабс шуда, як кас ҷазои шартӣ гирифт ва як кас ҷарима хоҳад пардохт. 

Бо чунин ҳукм Додгоҳи шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд ба ҷанҷоли миёни сокинони деҳаи Лакат ва маъмурони милиса, ки боис ба баҳсу вокунишҳои зиёд шуда буд, поён дод. Бархилофи талабу интизории корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, се маъмури милиса ҷабрдида эътироф шудаанд.

Як намояндаи Додгоҳи шаҳри Истаравшан рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ду маҳкумшуда амаки духтари ноболиғе ҳастанд, ки дар маркази ин моҷаро қарор дорад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Ҷамолиддин Раҳматов ба се сол зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд. Ғайрат Раҳматов якуним сол ҳабси шартӣ гирифт.

“Деҳқон Абдусамадов, Бурҳон Тӯйчиев ва Талъат Маҳмадқулов низ дуюним солро дар зиндони низомаш пурзӯр хоҳанд гузаронд,” – афзуд ӯ.

Исфандиёр Урунбоев, мудири мактаби деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан, 27 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима мешавад.

Ҳамаи онҳо ба авбошӣ, истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳокимият ва таҳқири намояндаи ҳокимият гунаҳкор шудаанд. Пештар Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки ин афрод ба “эҷоди монеа ва латукӯби маъмурони пулис" гумонбар мешаванд.

Назари маҳкумшудаҳо ба қарори додгоҳ маълум нест, аммо наздиконашон гуфтанд, шикоят ҳам намекунанд. Дар додгоҳ гуфтанд, ки “бинобар бори аввал содир кардани ҷиноят ва ба назар гирифтани вазъи оилавии маҳкумшудагон, нисбаташон ҳолатҳои сабуккунанда татбиқ шуд”.

Қаблан баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста буданд, ки агар сокинони Истаравшанро барои ҳамла ба кормандони пулис боздошт кардаанд, бояд аъмоли милисаҳо ҳам таҳқиқ ва муҳокима шавад. Вале маъмурони пулис ҷазое нагирифта ва аз аввал то охир ҳамчун ҷабрдида эътироф гардидаанд.

Ҷанҷоли сокинони Лакат бо се корманди ШКД-и Истаравшан дар охири моҳи майи имсол сурат гирифта, навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис ба баҳсу вокунишҳои зиёд шуд.

Мақомоти шаҳри Истаравшан моҳи август гуфтанд, ки масъала ба даъвати баҳории ҷавонон ба артиш рабт дошт. Яъне, ба гуфтаи онҳо, милисаҳо ба ин деҳа барои боздошти ҷавоне рафта буданд, ки гуё аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ кардааст.

Пайвандонии боздоштшудаҳо пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки сабаби ҷанҷол масъалаи ахлоқист. Хонаводае дар ин деҳа иддао карда буданд, ки маъмурони милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд".

Додситони Суғд гуфта буд, зану духтаре, ки дар дохили мошини милисаҳо буданд, барои ёфтани ҷавони синни даъватӣ ба онҳо мадад мекарданд.

Ҳукми гурӯҳии сокинони Истаравшан барои ҷанҷол бо милисаҳо дар ҳолест, ки шикояту норизоятӣ аз рафтор ва бархурди маъмурони милиса дар Тоҷикистон кам нест. Баъзе аз сокинон бар инанд, ки кормандони милиса аз мардум риояи қонунро талаб мекунанд, вале худашон на ҳамеша қоидаҳоро риоя мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG