Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду маъмури милиса барои латукӯби як сокини Ҳамадонӣ. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду маъмури милисаро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба гумони латукӯби сокини ноҳия Нурмуҳаммад Абдурасулов дастгир кардаанд. 

Ҳодиса моҳи августи имсол рӯй дода, боздошти капитан Шамсиддин Саидзода ва майор Фахриддин Ҳакимзода тақрибан як ҳафта пеш сурат гирифт. Баъд аз он ки, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, “натиҷаи ташхис дастрас шуд”.

Додситонии минтақаи Кӯлоб ба зидди онҳо ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” (моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқ идома дорад ва биноан тафсилот намедиҳанд.

Як манбаъ дар идораҳои интизомии Кӯлоб рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Саидзода ва Ҳакимзода шаби 18 ба 19-уми август хостаанд, мошини Абдурасуловро кофтукоб кунанд. Бо баҳонаи онки дар бораи дар дохилаш будани маводи мухаддир хабар гирифтаанд. Абдурасулов монеъ мешавад ва ӯро бо мушту лагад задаанд.”

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Шамсиддин Саидзода сардори шуъбачаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ноҳияи Ҳамадонӣ буд, вале “Нурмуҳаммад Абдурасулов хостааст, шахсони холису бетараф мошини ӯро кобанд.”

“Аз дохили мошин чизе намеёбанд ва ӯро субҳи 19-уми август ҷавоб медиҳанд. Ӯ ба Душанбе рафта, ба мақомот шикоят кардааст,” – афзуд мусоҳиби мо.

Кӯшиши Радиои Озодӣ барои ёфтани Нурмуҳаммад Абдурасулов ва фаҳмидани асли қазия аз забони ӯ то ин дам имконпазир нашуд. Ҳамсуҳбати мо дар идораҳои интизомии Кӯлоб гуфт, вай чанд муддат дар бемористон хобида, дар баёноташ гуфтааст, маъмурони милиса ӯро "дар қади роҳ ва дар бинои ШКД заданд".

Назари маъмурони милиса ва ё наздикони онҳо ба қазия маълум нест. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ низ дар ин замина шарҳе надодааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ду маъмури милисаро дар Кӯлоб ҷазо медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Дар як соли охир бори дувум аст, ки маъмурони милиса дар минтақаи Кӯлоб ба гумони баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ дастгир ва зиндонӣ мешаванд.

Моҳи августи имсол се маъмури Раёсати корҳои дохилиро дар ин минтақа барои боздошту шиканҷаи Абдуқаҳҳор Розиқов, ки сабаби марги ӯ шуд, чордаҳсолӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Солона даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа шикоят мекунанд. Фаъолони ҳуқуқи башар ба унвони тавсияҳои асосӣ барои пешгирии шиканҷа ба зарурати риояи қонун барои боздоштшудагон, таҳияи саривақтии санадҳои онҳо, муоинаи тиббӣ ва ташхиси дақиқи тиббӣ дар сурати шикоят аз саломатӣ ишора мекунанд. Ба ҷуз ин, гуфта мешавад, иқрори гуноҳ зери шиканҷа набояд далел дониста шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG