Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар панҷ моҳи ахир наздик ба сад ҳазор қонуншикании муҳоҷиронро ошкор намудаанд ва 15 ҳазор муҳоҷирро аз ин кишвар хориҷ кардаанд.
Маълум нест, ки аз 15 ҳазор муҳоҷир чӣ теъдодашон аз кадом кишвар будаанд, вале дар ним соли ахир Русия зери фишори бесобиқа садҳо муҳоҷири тоҷикро аз ин кишвар хориҷ карда буд.
Мақомоти Русия моҳи июн амалиёти "Нелегал 2023” ба хотири ошкор кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ эълон карданд ва он то охири моҳи октябр давом ёфт. Ба гуфтаи мақомот, ин рейдҳо ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба таври доимӣ идома хоҳанд ёфт.
Ним сол боз муҳоҷирони тоҷик дар Русия зери фишори бесобиқа қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ бархӯрди пулис бо муҳоҷирони тоҷикро хилофи қонунҳои башардӯстона медонанд ва Русияро барои амалҳои нажодпарастона танқид мекунанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо вуҷуди танқидҳо ва эътирози мақомоти тоҷик аз амалҳои хилофи қонуни мақомоти рус саҳифаҳои Телеграми марбут ба созмонҳои миллатгаро ҳамчунон аз мақомоти маҳаллӣ даъват мекунанд, ки алайҳи муҳоҷирон чора андешанд. Аз ҷумла, созмони ба истилоҳ "Ҷомеаи русҳо" макони кору зиндагии муҳоҷиронро дар шаҳри Раменскии вилояти Маскав муайян намудаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунӣ ба тиҷорат машғул будаанд.
Ба қавли аъзои ин созмон, пас аз он ки тамоми маълумот ба мақомоти маҳаллӣ расонида шуд, масъулин маҷбур гардиданд, ки даст ба кор шаванд. Дар маҷмӯъ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин шаҳр барои нақзи қойидаҳои муҳоҷират беш аз се ҳазор санади маъмурӣ тартиб ёфта, ҳудуди як ҳазору сесад шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои дохилии Русия, хостори ихроҷи муҳоҷироне шуд, ки ба “амнияти ҷомеа” таҳдид мекунанд.
Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки қоидаҳои гирифтани шаҳрвандии Русияро сахттар кунанд. Ба гуфтаи Владимир Колоколтсев, бояд қоидаҳои додани иҷозати иқомати муваққатӣ шадидтар шавад. Шахсоне, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, бояд бечуну чаро аз қаламрави кишвар хориҷ ва мақоми ҳуқуқии онҳо бекор гардад.
Владимир Колоколтсев гуфт: “Ҳангоми қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, инчунин зимни додани иҷозати иқомати муваққатӣ, тағйирот дар маълумоти ному насаб ва мавҷудияти манъи вуруд ба Русия бояд назорат пурзӯр карда шавад. Барои муайян кардани шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ саркашӣ мекунанд, чораҳои иловагӣ талаб карда мешаванд. Дар ин кор бояд ҳамаи шуъбаҳои милитсия иштирок кунанд.”
Қарор аст, ба зудӣ дар фурудгоҳҳои Маскав гирифтани изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ба роҳ монда шавад. Чунин навоварӣ аз вуруди онҳое, ки ному насабашонро иваз карда ба Русия меоянд, пешгирӣ хоҳад кард. Феълан шаҳрвандони хориҷие, ки вориди Русия мешаванд, дар давоми як моҳ аз рӯзи вуруд ва ё ҳангоми дархости патент изи ангушт супорида аксбардорӣ мешаванд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Русия амалиёти “Нелегал”-ро як василаи мубориза бо муҳоҷирати ғайрқонунӣ меноманд, бархӯрди бераҳмонаи пулис ба муҳоҷирон, таблиғу ташвиқ, ришваситонӣ ва афзоиши фишор ба муҳоҷирон як роҳи ҷалби онҳо ба ҷанги Украина дониста мешавад. Ахиран яке аз расонаҳои Русия ҳуҷҷатҳоеро нашр кард, ки бар пояи онҳо ҷалби муҳоҷирон ба ин ҷанг яке аз дастурҳои асосӣ ва онҳо шомили қишри осебпазир будаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Беш аз 100 узбекистониро аз "ғуломӣ" дар Русия наҷот додандФишор ё "пешниҳоди популистӣ"? Вокунишҳо ба як тарҳи вобаста ба муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО"Дар Тоҷикистон кор нест." Муҳокимаи садҳо муҳоҷир дар Қазоқистон. ВИДЕОГирифтани аксу изи ангушти муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои МаскавДаъвати “қишрҳои осебпазир" ба артиши Русия. Чаро ин тасмим барои муҳоҷирон хабари бад аст? ВИДЕО"Муҳоҷирони бе пушту паноҳ". Чаро Тоҷикистон тавони муҳофизати шаҳрвандони худро надорад?Тарҳи чанд маҳдудияти дигар барои муҳоҷирон дар Русия